• info@sino.tj
  • +992(37)2503024
  • шаҳри Душанбе, хиёбони И. Сомони 62
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Шифохонаи ҳарбии Марказии  қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сино  бо ташаббуси Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия  бо иштироки муовини раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ доир карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла қайд дошт, ки “бояд ҳадафи асосии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ дар ҷомеа саҳми муносиб гузоштан бошад. Ҳамаи он заҳматҳои мо бояд баҳри рушди ин сарзамин ва муарифӣ намудани мамлакати худ дар ҷомеаи равона гардад. Рисолати мову шумо муаррифӣ намудани таърих, фарҳанг ва тамадуни хеш дар арсаи ҷаҳон мебошад. Марзу буми кишвари худро ҳимоя кардан ифтихору сарфарозист. Ин сарзаминро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда боқӣ гузорем”.
Дар қисми дуюми чорабини ҳунармандон аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев ва Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои болидахотир гардонидани афсарон бо сурдҳои дилангези худ табъи меҳмонон ва сарбозону афсаронро шод гардониданд.