МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Published by bro on

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҳудуди ноҳия, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар қисмати бегоҳирӯзӣ соати 1800 барои сокинон ва меҳмонон чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, санаи 29 майи соли 2021 дар дар боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барномаи идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, санаи 30 майи соли равон дар боғи болозикр ҳунармандони ҷавони Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо барномаи худ баромад намуданд.

БА ТАВАҶҶӮҲИ СОКИНОНИ НОҲИЯ, инчунин МЕҲМОНОН расонида мешавад, ки рӯзҳои 5-6 июни соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и ноҳия соати 18:00 чорабиниҳои навбатии идонаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияи Фархор ва Тоҷикобод баргузор мегардад.