МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Published by bro on

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеъаи демократӣ бузург аст.
Сӯбҳи имрӯз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  “Рӯзи модар” бо иштироки муовини Раиси  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ашурбӣ Каримова  бо  бонувону занони фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Муовини Раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ  дар бораи нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеъаи демократӣ суханрони намуда қайд намуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки бонувону занони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ, санъат, нақлиёт, энергетика, алоқа, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.Дар охир ба як қатор занону бонувони фаъоли ноҳия  бо Сипосномаи Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.