Дар маҳаллаи Испечак-1 бо иштироки сокинони маҳалла ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
Сокинони ин маҳал бо як шукуҳу шаҳомат хони наврӯзӣ ороста буданд, хурсандии кӯдакон ҳаду канор надошт.
Чун анъана занону бонувон хӯрокҳои миллии хоси наврӯзро омода намуда бо рақсу таронаҳои саршор аз ватандорӣ наврӯзро тараннум намуданд.
