МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Published by bro on

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радио ба таври мустақим пахш гардид, дар толори мақомот бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохторӣ ва фаъолони ноҳия тамошои дастаҷамъона ташкил карда шуд.