МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022

Published by bro on

18 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси ноҳия Дамонзода Хусрав, муовинони Раиси ноҳия Қодирзод Руслан ва Исматов Исуф оид ба фаъолияти соҳаҳо дар соли 2021 ҳисобот доданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратулло ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дода, вазифаҳоро барои соли 2022 муайян намуданд.