МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

06.01.22. н. Сино, ш. Душанбе, бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар толори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино №4 Шоҳмурод Рустам, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Каримова А.О., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.