МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ЗАНОНИ ШУЪБАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Нимаи дуюми рӯзи 14 феврали соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷаласаи Шӯрои занон  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина ,муовини раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ, Латофат Насридинова собиқадори меҳнат, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, , роҳбарони корхонау ташкилотҳо, ҲХДТ -дар ноҳия, раисони шаҳраку маҳаллаҳо,роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ,  намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолзанони ноҳия ширкат варзиданд.
Маҷлисро муовини раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ ифтитоҳ бахшида иттилоъ дод, ки дар соли 2021 фаъолон ва аҳли заҳмати ноҳия   ҷамъбасти солро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикргардида, сайъу кӯшиш намуда истодаанд.
Сипас, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Ҳасанзода Шаҳло  ба сухан баромада, доир ба фаъолияти Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар соли 2021  маълумот дода, оид ба вазифагузориҳо барои соли 2022 ибрози андеша намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина  ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ ,ҷиҳати иҷрои нақшаву ҳадафҳои дар соли 2021 амалигардида, изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда  истифода намуда корҳоро дар самти занон тавқият бахшанд. Дар охири кори ҷаласа Латофат Насридинова собиқадори меҳнат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ намуд.