МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҲФИЛИ “МОДАР-ЧАРОҒИ ХОНАДОН” БАХШИДА БА ” РӮЗИ МОДАР”

Published by bro on

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи модар” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бонувоне, ки дар хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд,  собикадорони соҳаи хизмати давлатӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолзанон Маҳфили фарҳангӣ  баргузор гардида, аз рӯзгору фаъолияти кории занону бонувони муваффақ ёдовар гардидем. Муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ашурбӣ Каримова бо суханони гарму самимӣ бонувону модаронро бо Рӯзи Модар шодбош намуда, дар фаъолияти корӣ ва зиндагии онҳо муваффақияту осоиштагиро орзу намуданд.Собиқадорони меҳнат Латофат Насридинова,Гулсара Абдуллоева,Мастона Эргашова ва Раҳима Шалоер боувонро табрику таҳният гуфта,шеъру сурудҳои ватандӯстона сароиданд.
Дар охир аз тарафи санъаткорон ва ҳунармандон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд