МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Published by bro on

Санаи 10 марти соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноњияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовинон, муовини якум, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Рўзномаи маҷлис:

  1. Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маљлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №13.
  2. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022.
  3. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  4. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №1/6-9.
  5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Вобаста ба масъалаи якуми рўзномаи Иҷлосия гузориши Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Одилова Зайнаб Темуровна оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакилони хориҷшуда, даъвати шашум (2020-2025) 27 феврали соли 2022 шунида шуд.

Дар ибтидо Одилова З.Т. пеш аз ҳама ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои дастгирии моддию маънавӣ дар баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакилони хориҷшуда аз номи аъзоёни Комиссияи ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавӣ изњори сипос намуд.

         Дар ҳисоботи худ одилова З.Т. иброз намуд, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси моддаҳои 7, 8, 9 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ҳавзаи интихоботии №13, ки аз  2 участкаи интихоботӣ иборат мебошад, интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

         Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакили хориҷшуда, тибқи муқаррароти қонун ва қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе комиссияи ноҳиявии интихобот бо ҳайати 1 комиссияи ҳавзавӣ ва 2 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.

         Комиссияи ноҳиявии интихобот мувофиқи талаботи қонун, шумораи интихобкунандагон, ҳудуди ҳавза ва участкаҳои интихоботиро муайян намуда, дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп намуда дастраси масъули ҳизбҳои сиёсӣ ва мутасаддиён гардонид. Комиссия барои ба ҳамаи номзадҳо шароити баробар муҳайё намудан чораҳои зарурӣ андешид. Дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳои номзадҳоро бо интихобкунандагон ташкил намуд.

         Участкаи интихоботӣ бо дарназардоштӣ ҳудуди ноҳия бо мақсади муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил шуда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.

         Рӯйхати интихобкунандагон дар  ҳавзаи интихоботии №13 бо теъдоди умумии 4550 нафар таҳия гардид. Дар интихобот аз ҳавзаи нтихоботии №13 3083 нафар интихобкунандагон иштирок карданд, ки 67,7%-ро ташкил дод.

         1 нафар номзад аз  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва 2 нафар номзад ба тариқи  худпешбар пешбари гардида буд, ки Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳавзаи №13  3 нафар  номзадҳоро ба қайд гирифт. Номзадҳо барои интихоб шудан ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар интихобот иштирок варзиданд.

         Комиссияи ноҳиявии интихобот тибқи талаботи моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии интихоботии №13 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоботро барпо гардида эътироф намуд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ рӯзи 27 феврали соли 2022 Иброҳим Азиз Азим аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии №13 62,6%  аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро соҳиб гардиданд.

         Ќайд гардид, ки дар интихоботи баргузоргардида, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кафолати озодии интихоботии ҳар як шаҳрванд таъмин гардида, барои ҳар як фарди ҷомеа шароити интихоби озод муҳайё карда шуд.

         Бояд қайд намуд, арзу шикоятҳо оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи омодагӣ, баргузорӣ ва баъди интихобот ворид нагардид.

         Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ваколати вакили интихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакили хориҷшуда, тасдиқ карда шавад.

Баъди ҳисобот вакили тозаинтихобгардида Иброҳим Азиз Азим аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №13 дар назди ҳозирин қасам ёд кард. Ҳамзамон, ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иброҳим А.А. аз тарафи Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Салимзода Н.Ф. шаҳодатномаи вакилӣ супорида шуд.

Шарофудинзода М.Д. муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Иҷлосия дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 фикру андешаҳои худро баён намуд.

Боиси фараҳмандист, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои хамарӯзаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, имрўз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе симои хуштарҳу замонавӣ гирифта, ба талаботи муосири меъмориву шаҳрсозӣ мутобиқ  гардида истодааст. 

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолати хуб нигоҳ доштани мавзеъҳои кабудизори шаҳр, дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола аз маърифати экологӣ ва шаҳрнишинии сокинони пойтахт вобастагӣ дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, ба хотири рушди устувор ва фароҳам овардани шароити мусоид тавассути амалҳои муштараки экологӣ,  ташаккули фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ  ва дигар манбаҳои мусоидаткунанда барои ҳалли масъалаҳои муосири иҷтимоию экологӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 майи соли 2021, №283 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. 

Дар робита ба ин, қарори Раиси ноњияи Синои шањри Душанбе аз 16 июни соли 2021, №103 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид.

Тибқи замимаи 2 қарори мазкур Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ шудааст, ки дар он баргузории чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, дар байни ҷавонон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандиро дарбар мегирад.  

Бояд қайд намуд, ки Нақшаи чорабинии “Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” аз 7 боб ва 31 банд иборат буда, ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур дар давоми соли соли 2021 ва ду моҳи соли 2022 тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуд.

Тарғиби донишҳои экологӣ, солимгардонии муҳити зист, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои аслии Барномаи мазкур маҳсуб ёфта, бобати ҳадафмандонаи амалишавии он Шуъбаи  ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Сино барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино ворид шудаанд, суҳбату вохўриҳо доир карда мафҳум ва моҳияти барномаи мазкур фаҳмонида дода шуд.

Бобати  баланд бардоштани сатҳи дониши мураббиёни муассисаҳои томактабӣ дар самти тарбияи экологӣ тавассути машғулиятҳои экологӣ ва дигар чорабиниҳо дар давоми соли 2021 ва ду моҳи соли 2022 дар муассисаҳои томактаби бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мураббиён аз ҷониби намояндагони Шуъбаи ҳифзи муҳити зист машғулиятҳои экологӣ ба роҳ монда шуда, ба мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дастурҳои соҳавӣ дода шуд.

Дар иртибот ба иҷрои банди 4-и барномаи мазкур  дар МТМУ №94-и ноҳияи Сино семинарҳои омўзишӣ вобаста ба амалишавии барномаи мазкур бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт доир гашта, маводҳои тарғиботӣ ба муаллимон дастрас карда шуд. 

Ҷиҳати иҷрои банди  8 аз ҷониби шуъбаи  маорифи ноҳия   бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мураббиён ва омўзгорон дарсҳои кушод роҳандозӣ гардида, мутахассисони соҳа дар ин самт ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои банди 12 ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо баҳри мубодилаи таҷрибаи пешқадам оид ба маърифати экологӣ дар байни муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар семинар машваратҳое, ки аз ҷониби Маркази таълимӣ методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи маорифи ноҳия роҳандозӣ гардида, усул ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ аз ҷониби мутахассисон бозгӯ карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфилҳои “Патрули сабз” ташкил ва бо либосҳои махсус таъмин гашта, хонандагони фаъол дар чорабиниҳои экологӣ иштирок ва барои тозагию озодагии муҳити зист ва муассисаи таълимӣ  ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ҷиҳати тарғиби дастовардҳо ва мушкилотҳо вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист пайваста дар шабакаҳои иҷтимоии “ Facebook” ва сайтҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳо ва наворҳои таблиотӣ ва тарғиботӣ пахш карда шуда, иттилоот ва чорабиниҳои экологӣ ва корҳои ободони  пешниҳоди аҳли ҷомеаи гардонида мешавад.

Ҷиҳати амалишавии банди 18 бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якчояги бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ  шаҳри Душанбе чорабиниҳои тарғиботиро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар мавзўи “Муҳити зисти солим-ғизои солим-ҳаёти солим” баргузор намуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи оромгоҳҳо ва гузаронидани чорабиниҳои ҳамасолаи «Ёдбуди рафтагон»  бахши кор бо љавонон ва варзишї ноњия ду маротиба аксия тозагии оромгоњ баргузор намуданд, ки дар он љавонон волонтиёрон иштироки фаолона намуданд.

Бобати гузаронидани чорабиниҳо барои шинондани дарахтҳо бо мақсади мустаҳкам кардани хоки талу тепањо дар  ҳудуди теппаи маҳаллаи Лучоб  соли 2021 зиёда 5755 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. 

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5-июн аз ҷониби масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва ноњияњо  ҷиҳати ба маротиб кам истифода намудани селофан ва ашёҳои пластикӣ ва ба истифодаи умум даровардани халтачаҳои қоғазӣ ва дигар намуди ашёҳое, ки аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошанд, дар марказҳои савдои “Пайкар” ва “Ашан” аксияи тарғиботӣ доир гардид.  

Бо мақсади таъмини тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳо, манбаъҳои обӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино ҳар хафта рўзҳои шанбе дар якҷояги бо ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  ва аксияњои тозагии соњил ва мањал   роњандозї гардида, дар он сокинон ва љавонону волантиёрон фаъолона иштирок ва њудуди соњили дарёву каналњо, шањраку мањаллањо аз партовњои сахти маишї тоза карда мешавад. Танҳо дар соли 2021, 13 маротиба аксияи “Тозагии соњил” 8 маротиба аксияи “Тозагии мањал”  роҳандозӣ гардид.

Ҳамчунон бахши кор бо љавонон ва варзишї ноњия дар ҳамдастии бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аксияҳо зери унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”, “Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем” ва “Дар ободии пойтахт саҳм мегузорем” дар оғози соли равон доир гашт.

Бо маќсади ободонї ва боз њам сабзу хуррамгардонии кўчаю хиёбонњо, боѓу гулгаштњо ва мавзеъњои кабудизори шањри Душанбе ќарори Раиси шањри Душанбе аз 20 октябри соли 2021, №609 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба нињолшинонию сабзкорї дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шањри Душанбе” ба тасвиб расид.  

Тибќи ќарори мазкур, дар ин давра шинонидани 98956 бех дарахту буттаҳо ва 2093350 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва ташкил намудани майсазор (газон) дар масоњати 8000 метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст. 

 Дар робита ба ин, корњои нињолшинонї аз 1 ноябри соли 2021 оѓоз гардида, ба њолати 4 марти соли 2022 дар кӯчаю хиёбонҳо, њудуди ташкилоту муассисањо боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо ба миќдори 99399 бех (100,4%) дарахту буттаҳо шинонида шуд, ки аз ин шумора, дарахтони сояафкан 48363 бех, ороишї 22762 бех, мевадињанда 28274 бехро ташкил медињад.  

Инчунин, парвариш ва шинонидани гулњои мавсимию бисёрсола тибќи ќоидањои агротехникї ба роњ монда шуда, дар ин давра ба миќдори 1256397 адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудааст, ки аз ин шумора 419205 дона пиёзаки гули лола ва 336145 бех гулњои садбарг ва 501047 дона гулњои мавсимї мебошад.

Тавре маълум аст, гули садбарг дар миёни гулу буттањои ороишї маќоими шоистае дорад ва дар тули таърихи халќи тољик њамчун рамзи зебої ва њусну таровати хоса, пазируфта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо фарорасии мавсими нињолшинонию сабзкорї Раиси шањри Душанбе  аз сокинони шањр даъват ба амал оварданд, ки барои ба “шањри гулрез” табдил додани пойтахт дар мавсими шинонидани гулу буттањои ороишї дар назди манзили зисташон, боѓњо, хиёбонњо ва роњравњои пойтахт гулњои садбарги гуногунранг шинонида, онро парвариш намоянд.

Дар робита ба дастгирї ёфтани иќдоми мазкур аз тарафи сохторњои коммуналї, раёсатњои истифодабарии роњњои ноњия, муассисањои давлатии боѓњои фарњангию фароѓатї, муассисањои давлатии боѓу гулгаштњо, муассисањои соњаи маориф, тандурустї ва шањрвандони алоњида шинонидани гулњои садбарг бо маром идома дорад.

Њамзамон, љињати дар оянда афзун намудани шумораи гулњои садбарг аз њозир дар мавзеъњои муайяншудаи њудуди шањр ба миќдори 330600 дона ќаламчаи гули садбарг шинонида шудааст. 

Дар баробари дастгирињои пайвастаи маќомот якљо бо масъулини соња бањри иљрои Барномаи давлатии маљмўии рушди тарбия ва маърифати экологии ањолии шањри Душанбе барои солњои 2021-2025 ва тадбиќи наќшаи чорабинињои ободонї ва кабудизоркунї чорањои муассирро амалї намуда, бањри босифат иљро гаштани онњо тадбирњои заруриро роњандозї менамояд.

Муовини Раиси ноњияи Синои шањри Душанбе Исматов И.Ќ. оид ба Барномаи  рушди  иљтимоию  иќтисодии  шањри Душанбе  барои давраи  то соли 2025  бо маќсади  иљрои  банди 1  Наќша  чорабинињо  оид ба иљрои  дастуру  супоришњои  Президенти  кишвар, ки  дар  вохўрї  бо масъулону  фаъолони  шањри  Душанбе  15 феврали соли 2017  баён  доштанд,  тањрези   гардидааст, њисобот дод.

Мавсуф баён намуд, ки фаъолияти маќомоти мањаллии  њокимияти давлатии  ноњия  дар  доираи  Барномаи   мазкур  минбаъд низ  барои ноил гардидан  ба  њадафњои  стратегии   муайянгардидаи  кишвар ,  аз  љумла  ба таъмини амнияти энергетикї  ва истифодаи  самарабахши  нерўи  барќ,  рањої аз бунбасти  коммуникатсиони   ва табдил  ба кишвари  транзитї, таъмини  амнияти  озуќаворї  ва дастрасии ањолї  ба  ѓизои  хушсифат,  саноатикунонии  босуръати кишвар  ва  вусъатдињии  шуѓли  пурмањсул   нигаронида  мешавад.  Њадафи  олии Барномаи  рушди  иљтимоию  иќтисодии  шањри   Душанбе  баланд бардоштани сатњи зиндагии сокинони  шањр  тавассути  таъмини рушди  устувори  иќтисодї  мањсуб меёбад.

Барои ноилшавї  ба ин  њадафи олї  зерњадафњои  зерин   барои давраи то соли 2025  муайян  шудаанд:

  • Фароњам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони  шањр,
  • таќвияти  рушди  неруи инсонї.

Афзалиятњои асосї:

  • таъмин  намудани  рушди устувори иќтисодї;
  • бењтар намудани  сифати хизматрасонии наќлиётї ва коммуникатсионї;
  • ба роњ  мондани  истифодаи самараноки  неруи  барќ;
  • таќвият додани  фаолияти шањрсозї  ва  сохтмон;
  • бењтар сохтани муњити зист  ва экология;
  • бењтар  намудани низоми хизматрасонии коммуналї;
  • тањкими  хизматрасонињои  иљтимої ва  баланд бардоштани сатњи некуањволии  сокинони  шањр.

 Барои расидан ба њадафњои гузошташуда дар доираи Барномаи  мазкур  вазифањои зерин гузошта шудаанд:

  • фароњам  овардани замина  барои баланд бардоштани  дастраси ба манзил;
  •  дастрасии сокинони шањр  ба шабакањои алоќаи электронї;
  • чорї намудани принсипњои “иќтисодиёти сабз”;
  • тањкими њавсмандсозии  ањолї  ба субъектњои хољагидорї оид ба њифзи муњити  зист;
  • ба  стандартњои байналмиллалї  мутобиќ  намудани  меъёрњои бунёди  иншоот;
  • коњиш додани талафоти неруи барќ;
  •  кам  намудани сарбории наќлиётї  тавассути бењтар кардани сифати  роњњои дохилишањрї ва берун аз он;
  • бењтар  намудани сифати хизматрасонї дар соњаи савдо  ва бозори истеъмолї;
  • ба роњ мондани низоми шарикии давлат  ва бахши хусусї;
  • таљдиди соњаи саноат ва диверсификатсияи мањсулоти он;
  • таъмини ањолї ба неруи  гармї ва газ;
  • таъмини бењтару бештари  сокинони шањр бо оби нушокї, баланд бардоштани сатњи санитария ва  бењдошт.

Барои иљро ва амалї гардидани  вазифањои  гузошташуда андешидани  тадбирњои зерин дар назар  дошта шудааст:

  • нигоњ  доштани  суръати афзоиши  рушди устувори иќтисоди шањр њамасола   дар сатњи 7-8 %;
  • то  2 маротиба  афзоиш додани маљмўи  мањсулоти минтаќавї;
  • афзоиши маљмуи мањсулоти минтаќавї ба њар нафар ањолї то 21,3 њазор сомонї;
  • паст  кардани сатњи камбизоатї  то 13,0 фоиз 
  • ба таври назаррас  зиёд намудани харољоти соњањои  њифзи иљтимоии ањолї ва коњиш додани сатњи нобаробарињои иљтимої;
  • мусоидат ба афзоиши даромади ањолї;
  • ворид ва љорї намудани  техникаю технологияи  муосир дар бахши коммуналї;
  • ба вуљуд овардани низоми назорат ва таъмини амнияти  озуќаворї.

Ба  Барномаи  мазкур    431  лоиња   ба  маблаѓи  умумии   беш аз 35,9   млрд  сомонї  ворид шудааст. 

Ба  њолати  1 январи соли 2022 њудуди  ноњияи  Синои  шањри  Душанбе масоњати  6224,39 га  муайян  шудааст.  Шумораи  ањолии   ноњия    ба  485,2  њазор  нафар расида нисбат ба соли 2000, 2,2 баробар  ё 260,9 њазор  нафар афзоиш ёфтааст. Аз шумораи  умумии ањолї  247,0 њазор нафар  мард ва 238,2 њазор нафар  зан мебашанд. Афзоиши  табии ањоли 6463 нафарро  ташкил медињад.

Дар давоми 30 соли  истиќлолият  шањри  Душанбе  аз  љумла ноњияи   Сино  низ ба  дастовардњои  назаррас   дар  аксар  бахшњои  калидии  ба наќшагирифташуда  ( аз љумла, комплекси  сўзишворию  энергетикї, саноат, наќлиёт, сохтмон,  телекоммуникатсия,  низоми бонкию ќарзї  ва иљтимої)  муваффаќ  гашт.

Њаљми  мањсулоти  саноатї нисбат ба соли  2000 беш аз 97 баробар  афзоиш ёфта  дар соли 2021  ба 1,13 млрд сомони расида,  шумораи  корхонањои  саноатї  1,2 баробар зиёд шуд ва  аз 169 корхона  ба 207 адад  расид. Дар соли 2021  аз 207 корхонаи  саноатї  114 корхона њаљми истењсоли  мањсулотро зиёд намудааст. Дар корхонањои  саноатии ноњия 72 намуди  мањсулот тавлид мешавад, ки истењсоли 17 намуди он дар муќоиса ба соли 2016 мањсулоти нав мебошад. Дар корхонањои саноатии ноњия  3760 нафар  фаъолият  доранд. Болоравии  мањсулнокї  дар натиљаи  ба  кор даровардани  корхонањои нави  бо техникаи  муосир  муљањњазшуда    ва  љорї  намудани  технологияњои  пешрафта  ба даст омад. Дар давоми 3 соли охир дар ноњия 16 адад корхонањои нав сохта ба истифода дода шуданд, ки самти фаъолияти онњо ба истењсоли мањсулоти дузандагї, ќаннодї, халтањои полипропилени, лампањои диодї, асбобњои барќии маишї, тиббї ва  сохтмони  нигаронида шудааст. Дар давоми солњои минбаъда афзалияти асоси  ба  соњањои  саноати  коркард, аз  љумла  саноати сабук, хўрокворї, дўзандагї ва умуман коркарди мањсулот, коркарди  ашёи хоми ватани (мањсулоти кишоварзї, меваю  сабзавот, чарм  ва ѓайра) дода мешавад.

Даромади  умумии  буљети мањаллї  аз 9 сарчашмаи  даромад асос ёфта  дар соли  2021 ба маблаѓи  334,8 млн сомонї  пешбини шуда  дар асл ба буљети мањаллї  371,0 млн сомонї  ворид гардид.   Сарчашмањои асосии ташаккули  буљети ноњия  ин андози  даромад аз шахсони воќеї,  андоз аз арзиши  иловашуда, андоз  аз соњибони воситањои наќлиёт, андози низоми соддакардашуда ва андози  амволи ѓайриманќул  мебошад  ва наќши  бештар доранд.  Буљети ноњия  хусусияти иљтимої  дошта,  дар ќисми харољот  њиссаи зиёдро  харољоти  соњањои  маориф-50,3%, тандурустї – 20,7%, хољагии манзилию коммуналї -26,3;  ва њифзи иљтимої-0,9% равона шудааст. Дар дањ соли охир буљети ноњия 3,7 маротиба зиёд гардидааст, ва ин имконият фароњам овард, ки музди миёнаи мењнати  як корманд дар муќоиса  ба соли 2010  афзоиш ёфтааст.

Фаъолияти муназзами корхонаи хољагии  манзилию коммуналии ноњия  яке аз масъалањои асосии шањрдорї  мањсуб  гашта, аз нигоњдории фонди  манзил, љамъоварї, баровардан  ва безарар гардонии партовњои сахти маишї,  анљом додани хизматрасонињои коммуналии  дохилии  хонањои бисёрошёна  (обтаъминкуни, гармидињї, истифодаи лифт, нигоњубин ва таъмиру  тармими боми  биноњои  истиќоматї ва ѓайра) иборат  мебошад. Дар ноњия  29956  хонањои  баландошиёна   ва истиќоматї (њавлї)  мављуд буда, аз ин  1480 адад бинои истиќоматии баландошиёна  ва 28476  њавлї  мебошад. Хизатрасонии  1480 бинои истиќоматии баландошиёна  аз  љониби  сохторњои идоракунии фонди манзил  анљом дода мешавад (аз љумла 46 адад аз љониби ширкати соњибмулкони  манзил, 11 адад бевосита аз љониби соњибмулкон ва 56 адад аз љониби ташкилоти идоракунанда).  Дар  биноњои истиќоматии баландошёна  280 лифт  мављуд буда, аз ин 276 адад коршоям ва 4 адад дар њолати корношоям ќарор дорад. Бо  маќсади тадбиќи  ќарори  Раиси  шањри Душанбе  аз 11 майи соли 2021 , №265 “Дар бораи сари ваќт омода намудани  соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти шањри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу  зимистони солњои 2021-2022 барои ќабули нерўи гармї  1297 иншоотњои таъиноташон гуногун, новобаста  аз шакли моликият  ба наќша гирифта шуда иљроиш 1306 адад ё 100,7% таъмин гардид. Дар  давраи тирамоњу зимистони солњои 2022-2023 барои ќабули нерўи гармї 1347 иншоотњо ба наќша гирифта шудааст. Вобаста ба таљлили 30-солагии Истиќлолияти давлатии  Љумњурии Тољикистон дар њудуди ноњия 1050 биноњо рангубор карда шуданд.

Коркарди  партовњои сахти маишї самти асосии фаъолияти хољагии манзилию коммуналии шањр мебошад. Вобаста  ба ин, барои  бењтар намудани хизматрасонии соња ва риоя гаштани  меъёру талаботи  санитарї дар ноњия  КВД “Наќлиёти махсуси партовњои сахти маишї” мутаќилона фаъолият намуда, бо 26 адад техникаи махсуси партовкашонї таъмин буда, ва  дар њудуди ноњия  712 адад нуќтањои партовгоњ мављуд мебошад. Њамарўза  тавассути техникаи мављуда аз њудуди ноњия 330-350 тонна  партов  интиќол дода мешавад. Бунёду азнавсозии  партовгоњњо тибќи  наќша дар 3 сол  150 адад буда иљроиши он 110 фоизро ташкил дод. Айни замон  аз тарафи  њукумати шањр ба корхона боз  14  адад техникаи махсуси партовкашонї таъмин карда шуд, ки он барои боз  њам бењтар намудани  хизматрасонии коммуналї  ва сари ваќт баровардани партовњо  имконият медињад.

Дар тавозуни Муассисаи давлатии  истифодабарии роњњои ноњия  бо назардошти воридшави  аз ноњияи Рудакї  266,2 км роњњоро  ташкил дода  дар мавсими нињолшинонї дар ноњия 61 961 бех дарахт ва 2, 563 003 дона гулњои мавсими ва  бисёрсола шинонида шуд. Тибќи меъёрњои роњсозї муњлати байнитаъмири  роњњо дар 12 сол як маротиба мебошад ва аз руи ин меъёр  ба њисоби миёна дар шањри  Душанбе  дар як сол 61 км. роњ ва 29 км. пиёдароњ таъмиру азнавсози карда шаванд.

Њаљми интиќоли  мусофирон тавассути тамоми наќлиёти мусофиркаш дар соли 2021 ба 231,8 млн нафар  ва  боркашони 2994,3 њазор  тоннаро ташкил додааст.

Сохтмон  яке аз бахшњои асосии иќтисодиёти  ноњия ба њисоб рафта, наќши он дар пешрафти  иќтисодиёт  ва дар ин замина таъсиси  љойњои нави корї баланд арзёби  мегардад. Фаъолияти  соњаи сохтмон барои бунёди иншооти гуногуни соњањои иќтисодию иљтимої, истењсолию инфрасохторї, ба анљом расонидани сохтмони иншооти нотамом ва таъмиру  тармими биною иншооти соњањои мухталиф нигаронида шудааст. Ташкилотњои ин соња аз њисоби маблаѓгузори  ба сармояи асоси  ба маблаѓи 874,3 млн. сомонї  корњои сохтмониро ба анљом расониданд, ки дар ќиёс нисбат  ба соли 2010-ум 1249 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра ба маблаѓи 309,8 млн сомонї  фондњои асоси  ба кор андохта шуда, дар масоњати 70150 метри мурабба  манзили истиќоматї  ба истифода дода шуд,  ки нисбат ба соли 2000-ум 9,2 баробар зиёд мебошад.

Дар раванди гузаштан ба муносибатњои нави иќтисодї, соњибкории хурду миёна муњаррики асосии пешбарандаи  инкишофи  соњањои  иќтисодиёт  ба њисоб меравад. Айни замон дар ноњия  дар маљмуъ 13513 субъектњои хољагидори  фаъолият менамоянд, аз љумла 3220 адад шахсони њуќуќї, 3312 адад соњибкорони инфироди ва хољагињои дењќонии тибќи шањодатнома ва 6981 адад соњибкорони тибќи патент њамзамон 1075 соњибкоронро занњо  ташкил медињад. Соњибкории хурду миёна дар ноњия бештар дар соњањои тиљорат, сохтмон, саноат, хизматрасонињои маишї, хизматрасонињои бонкї, наќлиёт, алоќа ва сайёњї  ба назар мерасанд.

Савдо ва хизматрасонї дар пешрафти иќтисодиёти ноњия ва таъмини ањолї бо молњои ниёзи мардум наќши муњим дорад. Њаљми гардиши  савдо дар 20 соли охир 39,2 маротиба зиёд гардида, аз 91,6 млн сомонии соли 2000 ба 3595,4 млн сомонї  дар соли 2021 расидааст.

Маориф  яке  аз  соњањои  муњимест, ки  дар пешбурди  љомеа  љињати ноил гардидан  ба њадфњои сиёсї,  иљтимої  ва иќтисодї наќши муњим  мебозад.  Таъминоти маълумоти  босифат омили муњимми  расидан ба  рушди  устувор аст. Тайи солњои охир   таѓйирёбии  вазъи  демографї  ба афзоиши шумораи  хонандагон  дар њудуди ноњия  таъсир расонида,  андешидани  тадбирњои  заруриро  дар доираи Барномаи  мазкур  талаб менамояд. Афзоиши пайвастаи  демографї боиси  зиёд шудани шумораи  кўдакон  ва љавон мегардад. Дар соли  2021 теъдоди муассисањои томактабї  дар ноњия 59 адад  бо шумораи 14204 нафарро ташкил дод. Дар ноњия айни замон 80 муассисаи таълимї барои 61384 љойи нишаст, аз љумла 66 муассисаи тањсилоти миёнаи умуми, 5 муассисаи тањсилоти ибтидої,  7 муассисаи тањсилоти асоси, 2  муассисаи тањсилоти  шабона  бо фарогирии 103913 нафар хонанда фаъолият доранд.  Аз  сабаби нарасидани љойи нишаст дар бештари муассисањои таълимї  тањсили хонандагон дар ду ва баъзан дар се баст гузаронида мешавад. Барои бартараф намудани  мушкилињои  љойдошта  дар доираи  Барномаи мазкур дар се соли охир дар њудуди ноњия боз 5 муассисаи тањсилоти миёнаи умуми  сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 2022 сохтмону ба истифодадињии 3 муассисаи тањсилоти  умуми, сохтмони бинои иловаги дар  2 муассисаи тањсилоти хусуси  ва  сохтмони 2 муассисаи томактаби ба наќша  гирифта шудааст. Вазифањои асоси соња,  бењтар намудани инфрасохтори хизматрасонињои соњаи маориф, пурра таъмин намудани  муассисањои  таълимї бо таљњизоту лавозимоти  хониш, таъсиси  муассисањои  таълимии  муосири  ѓайридавлатї дар њамаи зинањои тањсилот, ташкили  њамкории давлат бо бахши хусуси дар самти хизматрасонињои  маориф.

Дар њудуди  ноњия  106 адад  муассисаи  табобати  профилактикї   фаъолият мекунад,  ки аз ин 18 муассисаи  тиббии  аз  буљети  ноњиявї, 8 муассисаи тандурустии аз буљети шањри Душанбе  маблаѓгузоришаванда   22 муассисаи  тобеи  Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, 4 муассисаи тиббии худмаблаѓгузор ва 54 муассисањои  хусусї  мебошанд. Бо маќсади нигоњдошт ва бењтар намудани  шароити муассисањои тандурустї  аз буљети мањаллї  ба 10 муассисаи соњаи тандурустї дар ин давра  ба таври умуми 72,6 млн  сомонї  маблаѓ   харољот карда шудааст, ки нисбат  ба соли 2017 ба 1,6 баробар зиёд мебошад.     

Сиёсатӣ  давлатии љавонон яке аз самтњои  стратегии сиёсати  иљтимої дар шањри  Душанбе ва ноњия  ба шумор меравад, зеро зиёда аз 60 фоизи  ањолии пойтахтро  љавонони  то 30 сола ташкил медињад. Њоло дар ноњия 294 иншоотњои варзишї, аз љумла 135 иншоотњои оддии варзишї, 119 майдончањои хурди варзишї  ва бозии кудакон, 18 толорњои хусусии варзишї, 1 варзишгоњ, 3 адад њавзњои  шиноварї, 3 адад ќасри теннис, 14 мактабњои варзишии шањр  ва  љумњурияви  фаъолият доранд. Дар доираи  Барномаи  мазкур то соли 2025 марњила  ба марњила сохта ба истифода додани  марказњои љавонон  дар ноњияњои  шањр  пешбини шудааст.           

Дар  солњои охир  шумораи занони мутахассису соњибтаљриба дар зинањои мухталифи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї  ва дигар соњањои иќтисодии ноњия  тамоюли зиёдшави дорад. Њоло  дар ноњия 1193 зан дар вазифањои роњбарикунанда фаъолият менамоянд. Фаъолияти занон бештар дар соњањои  тандурустї ва маориф  ба  назар мерасад.  Яке аз  мушкилоти  соња  дар солњои  охир  зиёд шудани  коэффитсенти  талоќ дар ноњия  мебошад. Аз   љумла, дар соли 2021 дар ноњия  аќди никоњи 3610 љуфт ба ќайд  гирифта шуд, дар баробари  ин аќди  никоњи  1082  љуфт   бекор карда шуд,  ки нисбати соли гузашта 10,2 баробар  зиёд мебошад.  

Дар анљоби њисобот иброз намуд, ки маќомоти  иљроияи њокимияти давлатии ноњияи  Синои  шањри  Душанбе  минбаъд  низ  фаъолияти худро дар доираи татбиќи Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии шањри Душанбе барои давраи то соли 2025, таќвият бахшидан  ба тарбияи њуќуќии шањрвандон , тараќиёти мунтазами саноату сохтмон, бењтар намудани  донишомўзию тарбия дар муассисањои таълимї равона намуда, бањри фаъолияти боэътимоди муассисањои маорифу  тандурустї,  фарњангу варзиш, савдою хизматрасонї ва коммуналї чорањои  сариваќтию заруриро амалї менамояд.

Дар масъалаи рўзномаи 4-уми Иљлосия ба ќарори Маљлиси вакилони халќи ноњияи Синои шањри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №1/6-9 чунин таѓйирот ворид гардид:

  • (“банди 5. Љурахонзода С.Љ. – вакил аз њавзаи интихоботии №13 аз аъзои њайати Комиссияи доимї хориљ карда шавад”)
  • (“ба банди 5. Иброњим А.А. – вакил аз њавзаи интихоботии №13 ба аъзои њайати комиссияи Маљлиси вакилони халќї оид ба наќша ва буљет, муќаррар намудани андозу пардохтњои мањаллї, рушди иќтисодию иљтимої, нигогњдории моликияти коммуналї, мусоидат ба шуѓли ањолї, муњоїљрати мењнатї, паст кардани сатњи камбизоатї ворид карда шавад”).

Дар Иљлосияи нуњуми Маљлиси вакилони халќи ноњияи Синои шањри Душанбе, даъвати шашум дар маљмўъ 5 ќарорњои Раиси ноњияи Синои шањри Душанбе аз тарафи вакилон тасдиќ карда шуд.