МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Имрӯз дар идомаи фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия  дар маҳаллаи  Чортепаи ноҳия вохӯриву мулоқот доир намуданд.
Сараввал, дар оғози кори мулоқот Мудири Шуъба Ҳасанзода Шаҳло ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон фаъолзанонро ба вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии маҳалҳои аҳолинишин, диққати ҷиддӣ додан ба раванди таълиму тарбияи фарзандон, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, мусоидат кардан дар иҷрои сифатноку саривақтии нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, самараноку оқилона истифодабарии ҳар порча замин ва омодагии ҳамаҷониба гирифтан ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.Ҳамчунин Раиси шаҳраки Зарафшон Латипова Гулпарӣ доир ба фарҳанги либоспушии занону бонувон ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва хушунат зуроварӣ дар оила суҳбат намуд.