МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – декабри соли 2022

Published by bro on

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору дастурҳои Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор чораҳои мушаххасро ба роҳ монд.Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ ба маблағи 972,9 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷет ба маблағи 996,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 102,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 ба маблағи 360,0 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар воқеъ ба буҷети маҳаллӣ 362,0 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши он 100,1 фоиз иҷро гардид.Ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андози соддакардашуда 67,2 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 78,7 миллион сомонӣ, андоз аз моликияти ғайриманқул 66,3 миллион сомонӣ, андози даромад аз шахсони воқеӣ 74,0 миллион сомонӣ, андоз аз нақлиёт 20,5 милли­он сомонӣ, андози аксиз 25,4 миллион сомонӣ, андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ 8,1 миллион сомонӣ, дигар даромадҳои ғайриандозӣ 2,0 миллион сомонӣ ва боҷи давлатӣ 19,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст.Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра мувофиқи нақшаи аниқшуда ба маблағи 365,6 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба маблағи 365,6 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои сари вақт маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ, чорабиниҳои ҳаётан муҳими ноҳиявӣ, пардохти маблағи ҳисоббаробаркуниҳо ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда шудаанд.Таҳлили иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин давра 0,7 фоиз ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, 48,9 фоиз ба соҳаи маориф, 21,4 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 27,3 фоиз ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 0,9 фоиз ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва 0,8 фоиз ба дигар чорабиниҳо равона гардидааст.Боиси қайд аст, ки буҷети маҳаллии ноҳия аз рўи пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, пардохти кӯмакпулӣ ба хонандагон аз оила­ҳои ниёзманд, пардохти кӯмакпулӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, пардохтҳои ҷории суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти хизмат­расонии коммуналии муассисаҳои буҷетӣ қарздор намебошад.Дар ҳудуди ноҳия 243 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 72 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 262,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 121,8 фоизро ташкил медиҳад.Бояд қайд кард, ки 130 адад ё 53,4 фоизи корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 369,2 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд.Дар 57 адад ё 13,0 фоизи корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 88,2 миллион сомонӣ кам гардидааст.Масъулини корхонаҳои саноатии ноҳия сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро пеш аз ҳама дар таъсири омилҳои берунаи иқтисодӣ, норасои ашёи хом, набудани талаботу фармоиш ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, камбуди маблағҳои гардишӣ дар суратҳисоби корхонаҳо ва фарсуда будани дастгоҳу таҷҳизотҳои истеҳсолӣ асос намудаанд.Бо мақсади татбиқи ҳадафи 4 – уми стратегии кишвар ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шудааст, ки дар доираи он дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар солҳои оянда бунёду азнавсозии беш аз 25 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 1299 адад ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 – уми январи соли 2023 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда дар маҷмӯъ 13835 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 3018 ҷой зиёд мебошад, аз он ҷумла дар корхонаю ташкилотҳо 12056 ҷой ва аз тарафи шахсони воқеӣ 1779 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.Мувофиқи маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 3060 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки аз ин теъдод тавассути ярмаркаҳо 150 нафарро ташкил медиҳад.Соҳаи савдо ва хизмати маишӣ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъ­мини аҳолӣ бо молҳои ниёзи мардум нақши муҳим дорад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ гардиши мол дар тамоми воситаҳои амаликунонӣ ба 3,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 ба 89,0 фоиз баробар мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ноҳия 172,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 133,2 фоизро ташкил медиҳад.Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ин давра 1,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 ба 100,3 фоиз баробар гардидааст.Воридоти маҳсулот дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 ба маблағи 450,7 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба андозаи 2,1 баробар зиёд мебошад.Содироти моли ватанӣ ба 1,2 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта 36,5 фоизро ташкил медиҳад.Таҳлили соҳаи сохтмон нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ин соҳа аз ҳисоби маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 ба андозаи 1,5 маротиба зиёд аст.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе беш аз 17 бинову иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”, бинои иловагии Гимназияи хусусии “Кафолат”, Литсейи “У. Хайём”, Мактаби байналмилалии муосир, Академияи “Ювентус”, корхонаи истеҳсолии “Акома”, бинои иловагии Донишгоҳи тиббӣ, Донишкадаи забонҳо ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, тарабхонаи “Бразилягӣ”, гузоштани санги асос барои бунёди филиали “Донишгоҳи Сингапур дар шаҳри Душанбе” ва бинои шуъбаи амнияти Раёсати амнияти шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино, инчунин Гӯшаи мавсимии фурӯши маҳсулоти дастрас “Баҳор”, 2 адад боғчаи хусусӣ барои 200 нафар кӯдак, макбати миёнаи умумии таълимоти забони русӣ ва бинои иловагии макатаби хусусии “А. Ҷомӣ” бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардиданд. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Нақша чорабиниҳо оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳия шуда, он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2022, №251 қабул гардидааст.Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида аз 151 банд, ки 1217 чорабиниро ташкил медиҳад, иборат мебошад.Дар 12 моҳи соли 2022 178 чорабинӣ иҷро гардидааст, ки ­­99,4 фоизи нақшаи чорабиниҳои соли 2022-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи нақлиёт 9,8 миллион тонна бор кашонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 3,3 баробар зиёд мебошад.Гардиши бор 293,5 миллион тонн\км-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 -3,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Тавассути ҳамаи намуди нақлиёти мусофиркашонӣ 252,0 миллион нафар мусофир кашон­ида шудааст.Бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022, №220 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» дар ноҳия 1347 иншоотҳои таъиноташон гуногун, новобаста аз шакли моликият бо нерӯи гармӣ таъмин буда, нақшаи пайвастшавии соли 2022, ки 41 адад биноро ташкил медод 100 фоиз иҷро гардидааст.Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1320,9 га кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки он нисбати соли гузашта 296,3 га зиёд ё 128,0 фоизро дар бар гирифт, аз он ҷумла 462,9 га зироатҳои ғалладонагӣ (якҷоя бо ҷуворимакка), аз ин гандум 254,1 га, ҷав 11,9 га, ҷуворимакка барои дон 92,6 га, шолӣ 1 га, лубиёгиҳо 23,6 га ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ 79,7 га, зироатҳои техникӣ 27,7 га, аз он ҷумла пахта 16,8 га, дони офтобпараст 7,3 га, дигар зироатҳои техникӣ 12,1 га, картошка 185,6 га, сабзавот 286,7 га ва зироатҳои хӯроки чорво 349,5 гаро ташкил дод.Дар ин давра ҷамъоварии маҳсулотҳои ғалладонагӣ ба 2247,3 тонна расонида шуд, ки аз он гандум 673,5 тонна, ҷав 24,9 тонна, лубиёгиҳо 30,9 тонна, шолӣ 2,1 тонна, ҷуворимакка барои дон 1277,9 тонна ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ 238 тоннаро дар бар гирифт. Истеҳсоли зироатҳои техникӣ ба 94,2 тонна расонида шуд, ки аз он пахта 32,6 тонна ва дигар зироатҳои техникӣ 61,4 тоннаро дар бар мегирад.Истеҳсоли картошка 2598,4 тонна, сабзавот 4676,6 тонна ва зироатҳои хӯроки чорво ба 5281,1 тонна расонида шуд. Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли мева ба 273,9 тонна расонида шуд, ки аз ин 35,0 тоннаро ангур ташкил медиҳад.Мақомот вобаста ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, ташаккули шуур­но­кии сиёсию фарҳангӣ ва ватандӯстии мардум корҳои муайянеро ба сомон расонид. Аз ҷумла чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи пойтахт, Иди ғалаба, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолият, Рӯзи забони модарӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Парчами миллӣ ва Соли нави мелодии 2023 доир гардиданд.Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 01 марти соли 2022, №95 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2022 дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2022» рӯзи 23 марти соли ҷорӣ дар майдончаи кӯчаи А. Сино, шаҳраки №12 чорабинии “Наврӯзӣ” бо намоишҳои этнографии шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои соҳаи саноат, савдо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №7 “Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021” миёни сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳия аз тарафи масъулуни мақомот дар якҷоягӣ бо ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони ноҳия, сокинони шаҳраки 32, шаҳраки 11, маҳаллаҳои Дӯстӣ, Мовароуннаҳр ва Ҳаёти нав, шаҳракҳои 103, 104 ва маҳаллаи Бунёдкорон, шаҳракҳои 53, 54, Политехникум ва маҳаллаи Фурӯзон, маҳаллаҳои Конститутсия 1, 2, 3, Арбобхотун 4, Душанбе 2 ва Ҷӯйбодом 1, 2, 3 бо фарогирии умумии 1751 нафар мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуд.Инчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 5 то 10 январи соли ҷорӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино №4 оид ба шарҳу тавзеҳи паём миёни сокинони шаҳракҳои Зарафшон-1, Бобо Ҳамдам, Испечак-1, Испечак-2, маҳаллаҳои Қазоқон-1, Ободкорон, Шараф, Деҳи боло, Навободи боло, Навободи поён, Меҳнатобод, минтақаҳои №№13, 14, 31, 91, 101, 102, миёни афсарон ва сарбозони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 1660 нафар вохӯриҳо гузаронида шуд.Бо мақсади таъмини иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №№АП-154, АП-155, АП-156 ва дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳудуди ноҳия корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуд.Иштирокчиёни озмунҳои болозикр фаъолона иштирок намуда, дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 80 нафар иштирокчиён 54 нафар ғолиб, «Илм-фурӯғи маърифат» аз 839 нафар 79 нафар ғолиб ва дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 583 нафар иштирокчиён 102 нафар ғолиб баромаданд, ки ҳамаи онҳо бо диплому тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.Дар соҳаи маорифи ноҳия пайваста барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи мактаббачагон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.Масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои баландихтисос, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо, корҳои эҷодӣ, дарсҳои иловагӣ ва корҳои тарбиявӣ, ҳамкории мактаб бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва завқи бадеиву зебоишиносии хонандагон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд.Дар 82 муассисаҳои таълимии ноҳия новобаста аз шакли моликият 4684 нафар омӯзгор фаъолият дошта, аз ин 3732 нафари онҳо зан мебошад, ки ба 106204 нафар (аз ин 50176 нафар духтарон) хонанда дарс меомӯзонанд. Дар муассисаҳои буҷетӣ 90282 нафар хонанда, аз ин теъдод 44516 нафар духтарон мебошанд.Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 556 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ дар муассисаҳои таълимии №№32, 33, 37, 43, 25, 50, 54, 66, 90, 92 ва дигар муассисаҳо кор ва фаъолият доранд. Аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ 4684 нафар соҳиби маълумоти олӣ 4074 ва 402 нафар соҳиби маълумоти олии нопурра ва 208 нафар миёнаи махсус мебошанд.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 52 муассисаи таълимии буҷавӣ шумораи компютерҳо 5574 адад, принтерҳо 556 адад, синфхонаҳои компютерӣ 136 адад, тахтаи электронӣ 656 адад, праектор 705 адад ва ноутбук 61 ададро ташкил медиҳанд.Аз шумораи муассисаҳои таълимии буҷавӣ 39 адади он ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, ба хонандагони синфҳои 5 – 11 дарс меомӯзонанд.Омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ 171 нафар буда, ба 10 нафар хонанда 1 адад компютер рост меояд. Тибқи нақшаи пешниҳодшуда дар ин давра 276 нафар омӯзгорон, аз курси салоҳиятнокӣ гузаштаанд.Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби хонадагони муассисаҳои таълимии ноҳия (синфҳои 5-11) дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1113 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 574 нафарашон дар байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ноҳияи Сино аз ҷиҳати гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар байни ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҷойи аввал мебошад.Дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ маблағгузории сарикасӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла барои нигоҳдошти 41 кӯдакистон ва ба 53 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия ба маблағи 178,6 миллион сомонӣ хароҷот карда шуд.Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.