МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҚАРОРИ И. В. РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 6 МАРТИ СОЛИ 2023, №18

Published by bro on

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳриДушанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум 17 марти соли 2023, соати 1500 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 62 даъват карда шавад.2. Ба рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:2.1. Дар бораи таъмини иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохторҳои партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ.2.2. Дар бораи иҷрои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027”2.3. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 15 марти соли 2023 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.5. Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида, муҳтавои қарори мазкурро тавассути сомонаи расмии мақомот ба самъи сокинони ноҳия расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузошта шавад.

Саидзода Т.Н.