МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ҚАЛБҲО

Published by bro on

Ҳамасола, дар моҳи апрел, сокинони шаҳри Душанбе “Рӯзи пойтахт”-ро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Душанбе на танҳо шаҳри зебоест, ки таърихи бой дорад, балки маркази фарҳангу санъати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шаҳри Душанбе намунаи волои шаҳрдорӣ, нишонаи хосси шаҳрсозӣ ва таҷассумгари беҳтарин анъанаҳои меҳмоннавозии миллати тоҷик дониста мешавад.

Пойтахти нотакрори ватани маҳбуби мо махсусан дар фасли баҳор боз ҳам зеботар мегардад. Дар ин фасл Душанбе ғарқи гулҳои рангоранг гардида, сокинон ва меҳмонони шаҳр дар боғҳову хиёбонҳои шаҳр гузар карда, аз ҳавои тоза ва зебоии табиати атроф лаззат мебаранд.

Албатта, сарвати муҳимтарини Душанбе сокинони шарафманди он ба ҳисоб меравад, ки аз таърих, фарҳанг ва анъанаҳои худ ифтихор доранд ва ҳамеша аз истиқболи меҳмонон шоданд. Беҳуда нест, ки Душанбе борҳо ҳамчун шаҳри дӯстӣ, сулҳ ва таҳаммулпазирӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Соли 2004 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Инчунин, моҳи ноябри соли 2016 пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди Роҳи Абрешимро дарёфт кард. Ин ҷоиза барои саҳми барҷаста дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ дода шуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ касб карда, дар ин росто шаҳри Душанберо ҳамчун макони барқарорсозии сулҳу ваҳдат шуҳратёр намуд.

Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то имрӯз шаҳри Душанбе баҳри инкишофи муносибатҳои боварӣ ва дӯстӣ бо шаҳрҳои бузурги мамолики бо Тоҷикистон шарик дар асоси манфиатҳои мутақобила ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Айни замон Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 19 шаҳрҳо дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.

Шаҳри Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои Боулдери ИМА, Санкт-Петербурги Федератсияи Россия,  шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳрҳои Урумчӣ, Чиндао, Сямэн, ва музофоти Хайнан Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Анқараи Туркия, Лусакаи Замбия, Санъои Ҷумҳурии Яман, Монастири Тунис, Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ашқободи Туркманистон ва Нур-Султони Қазоқистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст.

Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии созишномаи бародаршаҳрӣ васеъ намудан, мустаҳкам гардондан ва ривоҷ додани алоқаҳои байниминтақавӣ дар доираи давлатҳои хориҷӣ, дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн ба шумор рафта, дар ин асос шаҳри Душанбе метавонад имкониятҳои савдою иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии бародаршаҳрҳоро дар шароити муносибатҳои бозорӣ истифода бурда, ба мустаҳкам намудани равобити бевоситаи дар ҳама самтҳо ноил гардад.

Яке аз рӯйдодҳои хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт соли 2017 ба амал омад, дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34travel» бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» таҳия кард.

Соли 2018 пойтахти Тоҷикис­тон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19 — уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард. Бино ба натиҷаи назарсанҷии агентии таҳлилии «ТурСтат» – и Россия, пойтахти Тоҷикистон ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷой гирифт. Ба иттилои «ТурСтат», дар охирҳои апрел ва аввалҳои май, ки дар Россия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳоест, ки сайёҳони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба он сафар мекунанд. Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши сайёҳони худ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки 7 – 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Узвият ба федератсия барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузарондани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдориро боз ҳам болотару зиёдтар нишон дод.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ шуданаш, ҳамзамон аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) низ мебошад.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки дар даврони раисии муҳтарам Рустами Эмомалӣ  раванди густариши муносибатҳои берунии шаҳри Душанбе  ва боло рафтани нуфузу эътибори он авҷи бештар пайдо кард. Шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳи роҳбари ҷавон симояшро комилан дигар намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст.

Масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки ҳоло пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри зебову дилоро табдил ёфтааст.

Дар ҳақиқат, аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳрдори ҷавон баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахт тавассути иқдоми созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди зистро барои сокинон фароҳам хоҳад овард ва талошҳои шабонарӯзии шаҳрдори ҷавон бори дигар бовариву эътимоду эътиқоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон дучанд гардонид.

Ҳамин тавр, бо итминони комил метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун маркази ҷазби тоҷикони ҷаҳон, намунаи волои шаҳрдориву шаҳрсозӣ, рамзи олии меҳмоннавозии миллати тоҷик, таҷассумгари дастовардҳои нотакрори даврони соҳибистиқлолӣ ва меҳвари асосии ваҳдату суботи ҷомеаи тоҷикистонӣ боқӣ хоҳад монд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ