МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИҶЛОСИЯИ ПОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Published by bro on

Дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 12 апрели соли 2023, №42 санаи 25 апрели соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис:

  1. Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №4.
  2. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Вобаста ба рӯзномаи якуми Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум гузориши Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Одилова Зайнаб Темуровна оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакилони хориҷшуда, даъвати шашум (2020-2025), ки 2 апрели соли 2023 дар ҳавзаи интихоботии №4 баргузор гардид, шунида шуд.

Мавсуф сараввал ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шахсан ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз барои дастгирии моддию маънавӣ дар баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакили хориҷшуда аз номи аъзоёни Комиссияи ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Иброз намуд, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси моддаҳои 7, 8, 9 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ҳавзаи интихоботии №4, ки аз  2 участкаи интихоботӣ иборат мебошад, интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ивази вакили хориҷшуда, тибқи муқаррароти қонун ва қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе комиссияи ноҳиявии интихобот бо ҳайати 1 комиссияи ҳавзавӣ ва 2 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.

Комиссияи ноҳиявии интихобот мувофиқи талаботи қонун, шумораи интихобкунандагон, ҳудуди ҳавза ва участкаҳои интихоботиро муайян намуда, дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп намуда дастраси масъули ҳизбҳои сиёсӣ ва мутасаддиён гардонид. Комиссия барои ба ҳамаи номзадҳо шароити баробар муҳайё намудан чораҳои зарурӣ андешид. Дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳои номзадҳоро бо интихобкунандагон ташкил намуд.

Участкаи интихоботӣ бо дарназардоштӣ ҳудуди ноҳия бо мақсади муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил шуда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар  ҳавзаи интихоботии №4 бо теъдоди умумии 3800 нафар таҳия гардид. Дар интихобот аз ҳавзаи интихоботии №4 – 3394 нафар интихобкунандагон иштирок карданд, ки 89,3%-ро ташкил дод.

1 нафар номзад аз  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва 2 нафар номзад ба тариқи  худпешбар пешбари гардида буд, ки Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳавзаи №4  3 нафар  номзадҳоро ба қайд гирифт. Номзадҳо барои интихоб шудан ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар интихобот иштирок варзиданд.

Комиссияи ноҳиявии интихобот тибқи талаботи моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии интихоботии №4 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоботро барпо гардида эътироф намуд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ рӯзи 2 апрели соли 2023 Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии №4 85,1% аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро соҳиб гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар интихоботи баргузоргардида, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кафолати озодии интихоботии ҳар як шаҳрванд таъмин гардида, барои ҳар як фарди ҷомеа шароити интихоби озод муҳайё карда шуд.

Дар интихобот 32 нафар сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сифати аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва 2 нафар нозирони миллӣ ширкат варзида, ҷараёни озоду шаффофи интихоботро ташкил ва мушоҳида намуданд.

Бояд қайд намуд, арзу шикоятҳо оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи омодагӣ, баргузорӣ ва баъди интихобот ворид нагардид.

Баъди гузориши Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба вакили интихобгардида Саидзода Тоҷиддин Ниёз шаҳодатномаи вакилӣ супорида шуд. Вакили тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. ҳамчун вакил савганд ёд намуда, баён намуд, ки бо дарки масъулияти баланд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдона иҷро менамояд.

Доир ба рӯзномаи дуюми Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз тарафи вакилон дар маҷмӯъ 10 қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ гардиданд.