МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА АЛОМАТҲОИ КИТОБАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Published by bro on

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 26 апрели соли 2023 семинари омӯзишӣ вобаста ба риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ноҳия баргузор гардид.

.

.

Зикр гардид, ки агар ба таърихи илми забони тоҷикӣ назар кунем, чунин маълумот ба мо дастрас мегардад, ки бори нахуст феҳристи беш аз 2 ҳазор вожаву истилоҳот ҳамчун замима ба “Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ” соли 1941 чоп шуда буд. Баъдан нахустин луғати имло шомили 8 ҳазор вожа якҷо бо “Қоидаҳои асосии имло” соли 1944 нашр гардид.

Ҳамин тариқ, қоидаҳои имло солҳои 1953, 1959, 1972, 1974 ва 1991 ба нашр расонида шудааст.

Соли 1991 тибқи “Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик” аз соли 1972 нашри нави “Луғати имло” шомили 30 ҳазор вожа бори охир аз ҷониби А. Маниёзов ва А. Мирзоев таҳия ва чоп гардида буд. Бояд тазаккур дод, ки ин “Луғати имло” низ мисли фарҳангҳои қаблӣ дорои бархе аз нуқс ва мушкилот буда, дар ҳама фарҳангҳои имло дар риояи меъёрҳои таърихӣ ва илмии савтиёти забони тоҷикӣ камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд дошт.

Аз нашри “Луғати имло”-и соли 1991 то соли 2011“Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ду маротиба қабул гардид (аз 3 сентябри соли 1998, №355 ва 4 октябри соли 2011, №458), аммо нашри нави “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар асоси қоидаҳои нави имло таҳия ва чоп нашуда, пас аз қабули Қоидаҳои имло соли 1998 зарурати нашри чунин як фарҳанги ҷавобгӯ ба забони меъёр ба вуқўъ пайваста буд. Фарҳанги имло (4 октябри соли 2011, №458), ки то ин дам аз он истифода мекардем, зиёда аз 65 ҳазор калима ва истилоҳотро фаро мегирад. Дар ин Фарҳанг навишти қисман вожаҳо бар пояи имлои таърихии онҳо дар асоси “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ислоҳ карда шудааст.

Боиси қайд аст, ки қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз эътибор соқит дониста шуда, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” тасдиқ гардида, ҷиҳати риоя ва амалӣ намудани он тамоми сохторҳои кишвар вазифадор карда шуданд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 28 майи соли 2018, №166 “Дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи синои шаҳри Душанбе” ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №51 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26 марти соли 2021, №63 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир ба иҷрои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” тасдиқ гардид.