МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САД РАНГИ ЧАКАН ДАР” НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Published by bro on

28-уми апрели соли 2023 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти да

влатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

.

Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Заррина, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи синои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст Сафарализода Ситора ҳусни оғоз бахшида доир ба чакан ва таърихи пайдоиши он суханронӣ намуд. Мавсуф дар рафти суханрониаш чунин иброз дошт: “Боиси зикру ифтихор аст, ки бо иқдому ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз либосҳои миллии тоҷикӣ – чакан, ки бо зебогиву назаррабоияш дили оламиёнро тасхир намудааст, расман ба мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Дар идома тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино бо нишон додани намудҳои гуногуни чакан ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ сарояндагони маъруфи кишвар – Тоҷиддин Раҳимзода, Бунафша Муқимова ва дигарон ширкату ҳунарнамоӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Абдуалимзода Заррина суханронӣ намуда, ба рафти чорабини баҳои баланд дод, инчунин ҳамаи маҳаллаҳо ва муассисаҳои ширкаткунанда барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва инчунин ҳамаи тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ба туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.