МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

Published by bro on

Дар доираи дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар назди боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайём бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии варзишӣ дар маҷмӯъ 120 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 25 нафарро занҳо ташкил доданд.

Иқдоми мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ- фароғатии ноҳия бо доираи васеъи сокинон, кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо баргузор карда мешавад.