МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун оғоз гардид.

Боиси шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло дар иқдоми пешгирифтаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» мебошад. Ба шарофати Президенти кишвар имрӯзҳо дар саросари мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо – насли наврасу ҷавон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда аст, ки бо мақсади афзун гаштани дониши мо – ҷавонон эълон гардидааст. Мо бояд аз ин озмун барои мутолиа ва азбар намудани осори ниёгон ва муосирон самаранок истифода барем.

Ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Роҳбари давлат арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Ин навбат амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расонида шуд, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.