МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАР ТОЛОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ САРОШПАЗОН, МУДИРОНИ ҚИСМИ ХОҶАГИДОРӢ, МУДИРОНИ АНБОР ВА ҲАМШИРАҲОИ ТИББИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Published by bro on

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинар – машварати омӯзишӣ барои сарошпазон, мудирони қисми хоҷагидорӣ, мудирони анбор ва ҳамшираҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Аз ҷониби муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Сафарализода С.С семинар – машварат оғоз карда шуд.

Баъдан вобаста ба масъалаи тақсимоти хӯрока, ташкил намудани таомнома, мунтазам аз маҳсулотҳои ширӣ омода намудани наҳорӣ, кулчақандҳо, ва тибқи навбат аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кӯдакон, дар давраи солимгардонӣ риоя намудани талаботҳои давраи солимгардонӣ баҳри пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ дар кӯдакистонҳо, ҳангоми сайругашт дар ҳавои тоза ва ғайра таъкидҳо карда шуд. Намояндаи Муассисаи давлатии санитарӣ – гигиении шаҳри Душанбе Юсупов Сулаймон дар семинари мазкур иштирок дошта вобаста ба тамоми талаботхои қоидаҳои санитарию гигиенӣ дастур ва тавсияҳои муфидро пешниход намуд.