МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛА – МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ” БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА”

Published by bro on

11.05.2023.  н.Сино

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади устуворӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон, руй овардан ба урфу одатҳои хоси тоҷикона бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” дар тарабхонаи “Дидор” маҳфили фарҳангӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

.

Дар маҳфили мазкур муовини Раиси ноҳия Сафарализода С.С ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД ­– и шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина, инчунин намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

.

Сафарализода С.С дар баромади худ қайд намуданд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт, рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти баргузории маҳфил ба ду ҷуфт навхонадорон ва 10  нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат  шаҳодатномаи таваллуд супорида шуда, ба оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ бо тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳри болидагии иштирокчиёни маҳфил сарояндагони шинохтаи кишвар бо сурудҳои худ ҳозиринро шод намуданд.