МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2023, №81 «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе» рӯзҳои 10-20 майи соли 2023 даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар Озмун 1860 нафар довталаб, аз ҷумла 761 нафар (40,9%) хонандагони миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ синфҳои 1-4, 932 нафар (50,1%) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои 5-11 ва ибтидоии касбӣ (10-11), 99 нафар (5,3%) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо,

докторантҳо) ва 68 нафар (3,6%) омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эљодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, дар доираи талаботи Озмун оид ба дониш, маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.

Дар натиҷа 117 нафар иштирокчиёни озмун, аз ҷумла 24 нафар хонандагони миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, синфҳои 1-4, 39 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои 5-11 ва ибтидоии касбӣ (10-11), 27 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва 1 нафар олии касбӣ баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ва 17 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва 9 нафар намояндагони касбу кори гуногун ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамаи ғолибони озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи умумӣ ғолиб баромаданд, бо диплому сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва маблағҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Ба шарофати Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар саросари мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо – насли наврасу ҷавон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ аз ҷумлаи чунин

иқдомҳои созанда аст, ки бо мақсади афзун гаштани дониши мо – ҷавонон эълон гардидааст. Мо бояд аз ин озмун барои мутолиа ва азбар намудани осори ниёгон ва муосирон самаранок истифода барем.

Ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло дар иқдоми пешгирифтаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» мебошад.