МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОНИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА САФИ АРТИШ

Published by bro on

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 9-уми июни соли равон дар толори мақомоти мазкур ба фаъолони маҳаллаҳо ва шахсони алоҳида, ки барои пеш аз мӯҳлат иҷро кардани нақшаи даъвати баҳории ҷавонони синни даъватӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе саҳм гузоштанд, ҳамоиш баргузор гардид. Кори ҳамоишро нахуст муовини Раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода ҳусни оғоз бахшида, ба аҳли нишаст ҷиҳати мусоидат барои пеш аз мӯҳлат ва барзиёд иҷро кардани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори сипос намуд. Сипас, аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пуриқтидор намудани Артиши мамлакат ва ба ин васила фароҳам овардани фазои сулҳу субот дар кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бояд ҳамагон дар пайравӣ ба амалҳои накӯи Пешвои муаззами миллат барои тинҷию амонӣ ва пойдории сулҳу суботи мамлакат қувваю малакаю маҳорати хешро сарф намоем.

Дар идома, аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фармоиши Вазири мудофиаи кишвар ҷиҳати қадрдонии нафарони фаъол бо медали ҷашнии 30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳ  ва сипосномаҳои ин ниҳод  ироа карда шуда, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз бо ин медали фахрӣ сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, дигар муовинон ва бархе аз аҳли нишаст бо он медал ва бархеи онҳо бо сипосномаи Вазорати мудофиа сарфароз гардиданд.

Дар навбати дигар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аҳли толор бо сипосномаи мақомот ва маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардиданд.

Дар охир Ситора Сафарализода бори дигар ба ҳамагон изҳори ташаккур намуда, қадрдонии фаъолони ҷомеаро яке аз самти фаъолияти мақомот маҳсуб донист.