МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамоиши маърифатӣ доир ба тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Published by bro on

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 15 июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 20 июни соли 2023 бо иштироки кормандони дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия, соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин имомхатибон ва иштирокчиёни башардӯст мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баромад намуда, ҷашни Ваҳдати миллиро яке аз ҷашнҳои муқаддасу сарнавиштсоз арзёбӣ карда, таҷлили ин санаи муқаддасро шукргузорӣ аз оромӣ ва ваҳдати сартосарии кишвар маънидод карданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён аз саҳми арзандаи Пешвои миллатро дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳо ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён таъкид доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати комил тамоми бахшҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки дар ҳоли нестшавӣ буданду кишварро хатари нобудшавӣ фаро гирифта буд, маҳз бо дастгириву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар рушд карда, Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил дода шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дастовардҳои Ваҳдату истиқлоли кишвар дар ҳудуди ноҳия ва шаҳр зикр гардида, нақши Сарвари оқилу кордон дар сарҷамъии миллат ва умед ба ояндаи кишвар бузургу муассир арзёбӣ карда шуд.
Фаъолони ноҳияҳо низ аз хизматҳои Пешвои Миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеру сухан иброз доштанд.
Имрӯз, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, барои кишварҳои зери сояи ҷангу низоъ қарордошта намуна ва мактаби омӯзиш барои ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва мусолиҳа мебошад.
Бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик як майдони фарохи бурдборию муаррифии таърихи бойи худро ба вуҷуд овард. Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё шинохта шуда, мардуми онро мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд.