МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

НАМОИШИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” имрӯз (8 июл) намоиши фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар сатҳибаланди ташкилӣ ва адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовинони Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонон иштирок намуда, аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.

Баъд аз шиносоӣ баҳри болидагӣ ва фароғатии сокинону меҳмонон аҳли ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо барномаи фарҳангии омодагардида баромад намуданд.

Дар ибтидои чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳозиринро аз номи Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ миннатдории хешро баён намуда, ба кишвари азизамон Тоҷикистон ва ба халқи тоҷик хонаободию осудаҳолиро таманно намуданд.

Барои дар сатҳи баланди ташкиль баргузор намудани чорабинии мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамаҷониба мусоидат намуданд.