МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ  ШАҲРИНАВ ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Имрӯз (9 июли соли 2023) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Шаҳринав, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, собиқадорони ноҳияи Шаҳринав ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Симои боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём”-ро намоиши дастовардҳои фарҳангию кишоварзии ноҳияи Шаҳринав шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва зироати ғалладонагӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд.

Меҳмонон ва сокинони ноҳия дар саҳни боғ бо намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳияи Шаҳринав, ки бо санъати баланд оро дода шуда буд, шинос шуданд.

Баъд аз шиносоӣ барои фароғати сокинону меҳмонон аз тарафи аҳли ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Шаҳринав оид ба таҳкими корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ намуда, ба тамоми мардуми тоҷик ва мамлакати азизамон Тоҷикистон ояндаи некро таманно намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои мазкур дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт то моҳи сентябри соли ҷорӣ идома дошта, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омодаанд дар сатҳи ноҳиявӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.