МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

“ТАНҲО БАРОИ ТОЗАГИИ ШАҲР”.  ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ДУШАНБЕ ҚУТТИҲОИ МАХСУС БАРОИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКӢ НАСБ ГАРДИД.

Published by bro on

Барои тозагии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар панҷ мавзеи сераҳолии ноҳия қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуд ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гардад.

Ҳоло ин қуттиҳои партобпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ дар назди Боғи ҳайвонот, Кӯли ҷавонон, Кохи Наврӯз, Флармонияи давлатӣ ва дар роҳи тарабхонаи “Латина” гузошта шудааст.

“Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад”.

Дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб мекунад. Ин метавонад барои баланд бардоштани маърифати сокинони ноҳия мусоидат кунад.

Таҳияи қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ ва насби он дар ҷойҳои серодам моҳе қабл дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт баррасӣ гардида, инак он амалӣ карда мешавад. Масъулини мақомот кӯшиш менамоянд, ки дар наздиктарин фурсат чунин қуттиҳо дар ҳама мавзеъҳои серодами ҳудуди ноҳия гузоранд.

Қуттиҳои мазкур дар КВД “Нақлиёти махсуси партобҳои сахтӣ маишӣ” дар ноҳияи Сино сохта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ин монанд қуттиҳо дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд насб гардида буд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуд. Ва ин маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегардад.