МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ “КУЛИ ҶАВОНОН”

Published by bro on

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида рӯзи 16 июли соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон” намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалия, инчунин маҳсулотҳои нонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо муаррифи намудани маҳсули меҳнати кишоварзон ва дастовардҳо, инчунин баҳрабардорӣ аз ҳунармандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дигарон иштирок намуданд.

Баъд аз суханони ифтитоҳӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар корҳои ободонӣ барои фароғатии сокинон ва меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.