МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ ШАҲРИ ПАНҶАКНЕТ ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём” (рӯзи 15 июли соли 2023) намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии шаҳри Панҷакент ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ Вазири кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Панҷакент ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалия бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуд, ки барои ғанӣ гардонидани дастархони сокинон мусоидат менамояд.
Баъд аз шиносоӣ Вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Панҷакент бо ҳамроҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба пойдории сулҳу субот ва дастовардҳои кишвар, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат рушд ёфта истодааст, суханронӣ намуданд.
Баҳри болидагӣ ва хотирмонии ҳозирин ва меҳмонон ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент бо барномаҳои ҷолиби фарҳангии худ баромад намуданд.