МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ “ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ “ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Имрӯз (20 июл) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади амалисозии банди 32 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 дар тарабхонаи “Дидор” даври якуми “Озмуни дастархонороӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар озмуни мазкур кадбониёни маҳаллаҳои Ҳаёти нав, Борбад, Фурӯзон, Арбобхотун-4, Ҳамадонӣ, Лучоби боло ва Бунёдкорон фаъолона иштирок намуда, маҳорати оростани дастархонро ба ҳайати комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод намуданд.
Мақсади ташкил ва гузаронидани озмун дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвио миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди суннату анъана ва ҳунарҳои мардумӣ оростани дастархон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати дастархонороӣ дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.
Ҳайати комиссияи озмун иштирокчиёни озмунро бо истифодаи сарфакории ҳунармандона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархон баҳогузорӣ намуданд.

Рамазонов Э.С.
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия