ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!
Сокинони азиз ва меҳмононии арҷманд!
Имрӯз 22 июли соли 2023, соати 17:00 дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” чорабинии ноҳияи Ашт ва рӯзи 23 июли соли ҷорӣ аз соати 17:00 дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём” чорабинии ноҳияи Файзобод ташкил ва баргузор мегардад.
Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ Нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз 22 июни соли 2023 тасдиқ гардида, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт роҳандозӣ гардида истодаанд.
Шаҳрвандон ва меҳмонони гиромиқадр! Қудуми ҳаряки Шуморо ба чорабиниҳои дар пешистода хайрамақдам гуфта, ба Шумо рӯзхои бофароғатро таманно менамоем.