МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ АШТ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ “ҶАВОНОН”

Published by bro on

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз (22 июл) дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Ашт, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва собиқадорони ноҳияи Ашт иштирок доштанд.

Симои боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон”­-ро намоиши дастовардҳои фарҳангию кишоварзии ноҳияи Ашт шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, дар намоиш – фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ, гӯштӣ ва зироати ғалладонагӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ барои фароғати сокинону меҳмонон аз тарафи аҳли ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ашт барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Ашт оид ба таҳкими корҳои ободонию созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус пойтахти азизамон шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ҳозирин ва кишвари азизамон Тоҷикистонро таманниёти нек намуданд.

“Тоҷикистон ба пеш!”.

Рамазонов Э.С.
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия