МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод имрӯз (23 июл) дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём” намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Файзобод ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалия бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуд, ки барои ғанӣ гардонидани дастархони сокинон мусоидат менамояд. Ҳамзамон оби машҳури минералӣ – табобатӣ ва шарбати ватании нав истеҳсолшуда ба маърази меҳмонону сокинон муаррифӣ карда шуд.

Мувоини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Файзобод оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонии кишвар, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе, инчунин дастовардҳои ноилгардидаи хеш, ки дар заминаи сулҳу субот ба даст омадааст, ибрози ақида намуданд.

Баҳри фароғатии ҳозирин ва меҳмонон ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод бо барномаҳои ҷолиби фарҳангии худ баромад намуда, табъи иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

Рамазонов Э.С.
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия