МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ФЕСТИВАЛ­­­ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ “АНДАЛЕБ” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади рушду такомули соҳаи фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгонамон имрӯз (26 июл) дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чунин фестивал – озмун ин рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушду тарбияи ҳунарҳои бадеии халқӣ, танзими анъана ва расму ойинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҳифз ва эҳёи равияҳои гуногуни санъати бадеии халқӣ ба ҳукми анъана даромада, барои ташаккули он шароитҳои мусоид фароҳам овардааст.

Фестивал – озмуни мазкур дар асоси банди 13 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 иборат аз 12 бахш ташкил ва гузаронида шуд.

Боиси хушнудист, ки дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб” ҳунармандони ноҳия маҳорати хуби касбӣ нишон дода, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифта, сазовори ҷойи якум гардиданд.