МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Намоиши фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии шаҳри Бӯстон дар ноҳияи Сино

Published by bro on

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз (30 июл) дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Маҳмадсаид, ДИП ҶТ Абдуллозода Масрур, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси КИ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи ҶТ, шоира Рудобаи Мукарам, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Раиси шаҳри Бӯстон Ғаффорзода Нигора, муовинони Раиси ноҳияи Сино Сафарализода С.С., Сабзов Ш., собиқадорон Мусоева Рафиқа, Олимӣ Марҳабо, Шоира Баҳринисо ва дигар роҳбарони вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Масъулини шаҳри Бӯстон дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии худро ба меҳмонону сокинон муаррифӣ намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки аҳолии шаҳр аз сиву ҳашт ҳазор нафар иборат буда, масъулин кӯшиш менамоянд ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонӣ ҳамасола як корхонати истеҳсолиро мавриди баҳрабардори қарор диҳанд.
Барои фароғати сокинону меҳмонон аҳли ҳунари шаҳри Бӯстон бо барномаи рангину фарҳангӣ баромад намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Бӯстон ба ҳозирин аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва ибтикори Раиси шаҳри Душанбе дар самти корҳои ободонию созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаободиро таманно намуданд.