МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҲИСОБОТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР МОҲҲОИ ЯНВАР – ИЮНИ СОЛИ 2023

Published by bro on

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору дастурҳои Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор чораҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ ба маблағи 496,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷет ба маблағи 542,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 109,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба маблағи 201,7 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷети маҳаллӣ 222,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши он 110,2 фоиз иҷро гардид.

Ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андози даромад аз шахсони воқеӣ 38,2 миллион сомонӣ, андоз аз фоида 74,3 миллион сомонӣ, андози аксиз 13,0 миллион сомонӣ, андоз барои захираҳои таббиӣ 1,0 миллион сомонӣ, андоз аз нақлиёт 11,9 милли­он сомонӣ, низоми махсуси андозбандӣ 33,9 миллион сомонӣ, боҷи давлатӣ 10,4 миллион сомонӣ, дигар даромадҳои ғайриандозӣ 1,1 миллион сомонӣ ва андозҳо аз молу мулкӣ ғайриманқул 38,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра мувофиқи нақшаи аниқшуда ба маблағи 204,5 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба маблағи 202,5 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 99,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои сари вақт маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ, чорабиниҳои ҳаётан муҳими ноҳиявӣ, пардохти маблағи ҳисоббаробаркуниҳо ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда шудаанд.

Таҳлили иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин давра 0,8 фоиз ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, 54,5 фоиз ба соҳаи маориф, 20,2 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 23,2 фоиз ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 0,9 фоиз ба ҳифзи иҷтимоӣ ва 0,4 фоиз ба дигар чорабиниҳо равона гардидааст.

Боиси қайд аст, ки буҷети маҳаллии ноҳия аз рӯи пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, пардохти кӯмакпулӣ ба хонандагон аз оила­ҳои ниёзманд, пардохти кӯмакпулӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, пардохтҳои ҷории суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти хизмат­расонии коммуналии муассисаҳои буҷетӣ қарздор намебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 304 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 72 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 790,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 148,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 124,2 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки 196 адад ё 64,5 фоизи корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 202,1 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд.

Дар 44 адад корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 24,2 миллион сомонӣ кам гардидааст.

Масъулини корхонаҳои саноатии ноҳия сабаби кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро пеш аз ҳама дар таъсири омилҳои берунаи иқтисодӣ, норасоии ашёи хом, набудани талаботу фармоиш ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, надоштани маблағҳои гардишӣ дар суратҳисоби корхонаҳо ва фарсуда будани дастгоҳу таҷҳизотҳои истеҳсолӣ асос намудаанд.

Бо мақсади татбиқи ҳадафи 4 –уми стратегии кишвар ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шудааст, ки дар доираи он дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар солҳои оянда бунёду азнавсозии беш аз 25 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 1299 адад ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар шаш моҳи соли 2023 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда дар маҷмӯъ 7695 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 92 ҷой зиёд мебошад, аз он ҷумла дар корхонаю ташкилотҳо 6800 ҷой ва аз тарафи шахсони воқеӣ 895 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.

Мувофиқи маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 1250 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин теъдод тавассути ярмаркаҳо 95 нафарро ташкил медиҳад.

Соҳаи савдо ва хизмати маишӣ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъ­мини аҳолӣ бо молҳои ниёзи мардум нақши муҳим дорад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ гардиши мол дар тамоми воситаҳои амаликунонӣ ба 1 милларду 643,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 96,3 фоиз баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ноҳия 95,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 фоизноки он 100,5 ташкил медиҳад.

Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ин давра 757,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нарх ба 101,2 фоиз баробар гардида назараст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи нақлиёт 3,4 миллион тонна бор кашонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 103,0 фоиз баробар гардид.

Гардиши бор 120,0 миллион тонн\км-ро ташкил дод. Тавассути ҳамаи намуди нақлиёти мусофиркашонӣ 146,1 миллион нафар мусофир кашон­ида шудааст.

Воридоти маҳсулот дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба маблағи 85,6 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 4,1 баробар (118,5 миллион доллари ИМА) зиёд гардидааст.

Содироти моли ватанӣ бошад 5,4 миллион доллари ИМА–ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 12,4 маротиба (4,9 миллион долари ИМА)афузудааст.

Таҳлили соҳаи сохтмон нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ин соҳа аз ҳисоби маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи     546,3 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 104,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Нақша чорабиниҳо оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳия шуда, он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2022, №251 қабул гардидааст.

Вобаста ба ин Нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Сино тасдиқ гардидааст, ки аз 151 банд ва 1217 адад чорабинӣ иборат буда, ҷиҳати амалисозии саривақтӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷашн гирифтани нақшаи чорабиниҳои мазкур, мақомот дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тамоми имкониятҳоро ба роҳ монда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, дар ҳудуди ноҳия 253 адад чорабинӣ аз ҷумла, 2 адад бунёди муассисаҳои мактабӣ, 2 адад бунёди муассисаҳои томактабӣ, 1 адад бунёди муассисаҳои тандурустӣ, 5 адад бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 324 ҷойи корӣ, 2,9 км сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, 1 адад бунёди меҳмонхона, 1 адад сардхона ва гармхона, 2 адад сохтмони бинои баландошёна, 1 адад бунёди иншооти варзишӣ, 96 адад рангубори бинову иншоотҳо ва 29 адад сохтмон ва азнавсозии партовгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли 2023 -155 адад чорабинӣ ба анҷом расидааст, ки 61,2% нақшаи солонаро дарбар мегирад.

Аз ҷумла:

– Гимназияи хусусӣ барои 400 ҷой дар як баст, дар шаҳраки 33 кӯчаи Н. Ганҷавӣ-5 аз тарафи шаҳрванд Маҳмадалиев А. У.

– Таъмири ҷории биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 9 адад (9 адад аз иҷроиши барзиёди нақшаи соли 2022)

– Таъмири ҷории биноҳои муассисаҳои томактабӣ 10 адад  (10 адад аз иҷроиши барзиёди нақшаи соли 2022)

– Коргоҳи истеҳсоли рангҳои ороишӣ ва дару тирезаҳои пластикӣ, воқеъ дар кӯчаи Н. Ганҷавӣ 377/1 аз тарафи ҶСК«Душанбе саноат»

– Рангубори бинову иншоотҳо тибқи нақша 96 адад, иҷроиш    55 адад 57,2 % – и нақшаи солонаро дар бар мегирад

– Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ тибқи нақша 29 адад, иҷроиш 29 адад 100%-и нақшаи солона.

Тибқи нақшаи 5 сола бошад аз 1217 адад чорабинӣ 372 адади он иҷро гардидааст, ки 30,% нақшаи 5 соларо дарбар мегирад.

– Рангубори бинову иншоотҳо тибқи нақша 375 адад, иҷроиш 95 адад 25,3% – и нақшаи 5 сола.

– Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ тибқи нақша 145 адад, иҷроиш 58 адад, 40%-и нақшаи 5 сола.

– Зикр кардан ба марид аст, ки бинои нозироти андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат соли 2023 ифтитоҳ гардид (ифтитоҳ пеш аз муҳлат. Тибқи нақша соли 2025)

Дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар майдони 567,5 га кишти зироатҳо гузаронида шуд. Аз он ҷумла: 271,0 зироатҳои ғаладонагӣ (якчоя бо ҷиворимака), аз ин гандум 173,8 га ҷав 2,7 га, ҷуворимакка барои дон 42,9 га, шолӣ 0,7 га, лубиёгиҳо 3,0 га ва дигар зироатҳои ғаладонагӣ 47,9 га, зироатҳои техники 7,2 га аз он ҷумла пахта 3,8 га, дони офтобпараст 0,2 га, дигар зироатҳои техники 3,2 га, картошка 42,5 га сабзавот 28,7 га ва зироатҳои хуроки чорво 218,8 гаро ташкил дод.

Дар ин давра ҷамъовари маҳсулотҳои ғаладонагӣ ба 1105,5 тонна расонида шуд, ки аз он гандум 692,0 тонна, ҷав 67,5 тонна, лубиёгиҳо 135 тонна, ҷуворимака барои дон 211,0 тоннаро дар бар гирифт.

Истеҳсоли картошка 119,0 тонна сабзавот 143,5 тонна ва зироатҳои хуроки чорво ба 597,6 тонна расонида шуд. Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли мева ба 2212,0 тонна расонида шуд.

Дар ҳудуди ноҳияи 2 адад гармхонаи доимамалкунанда дар майдони 0,67 га фаъолит менамояд.

Мақомот вобаста ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, ташаккули шуур­но­кии сиёсию фарҳангӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон корҳои муайянеро ба сомон расонид. Аз ҷумла чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рузи Модар, Наврӯзи байнанлмиллалӣ, Рузи Пойтахт, Рузи байналмиллалии Оила, Рузи Ҷавонони Тоҷикистон, Рузи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ва Рузи Ваҳдати милли доир гардиданд.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз         23 феврали соли 2023, №70 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2023 дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2023», рӯзи    21 марти соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём”, маҳаллаи Буниҳисорак чорабинии “Наврӯзӣ” бо намоишҳои этнографии шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои соҳаи саноат, савдо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” ва фестивали ҷумҳурявии “Сад ранги чакан” бо иштироки кӯдакону ҷавондухтарон ва фаъол занони ноҳия гузаронида шуд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 январи соли 2023, №1 Нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 12 январи соли 2023 вобаста ба мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба тасвиб расонида шуд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо мулоқоти гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ноҳия бо намояндагони соҳаи савдо, иқтисод ва андоз бо фарогирии 84 нафар, фаъолони ноҳия бо фарогирии 352 нафар, сокинони минтақаи №32 бо фарогирии 198 нафар, минтақаи №11, маҳаллаҳои Дӯстӣ, Мовароуннаҳр ва Ҳаёти нав бо фарогирии 304 нафар, минтақаҳои №№103, 104 ва маҳаллаи Бунёдкорон бо фарогирии 257 нафар, минтақаҳои №№53, 54, Политехникум ва маҳаллаи Фурӯзон бо фарогирии 225 нафар, шаҳраки Зарафшон-1 бо фарогирии 120 нафар ва дар минтақаи №32 бо фарогирии 200 нафар, маҷмӯъан ҳафт вохӯрӣ бо фарогирии 1740 нафар мулоқот ташкил ва баргузор карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси Барқияи ҳукуматӣ аз 26 декабри соли 2022 ва татбиқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2022, №1526 аз ҷониби масъулини ноҳия ҷадвали баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу эзоҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри соли 2022 (аз 9 то 13 январи соли 2023) таҳия ва тасдиқ шуд.

Дар гурӯҳҳои таблиғотӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шомурод Рустам, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба иҷтимоиёт, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандони Прокуратура ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар доираи ҷадвали тасдиқгардида вохӯриҳо бо фаъолони ноҳия, аз ҷумла бо сокинони минтақаҳои №№83, 84, маҳаллаи Камонгарон, минтақаи №12, минтақаҳои №№103, 104 ва минтақаи №34 бо фарогирии 865 нафар гузаронида шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки раванди баргузории ин вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони шабакаи телевизионии «Душанбе HD» ба навор гирифта, пахш гардиданд. Ҳамзамон, мулоқотҳои болозикр аз тарафи масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тавассути шабакаи иҷтимоии «Facebook» паҳн карда шуд.

Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май-июни соли 2023 озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1860 нафар довталаб иштирок намуданд, ки дар натиҷа 117 нафар ғолиб, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 1936 нафар, аз ин 128 нафар ғолиб ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 279 нафар довталаб, аз ин 24 нафар ғолибон муайян гардиданд. Ҳамаи ғолибони озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмун гардиданд, бо диплом ва маблағҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро муҳимтарин масъалаи рӯзгор номида, ғамхорӣ ба соҳаи маорифро ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлат маънидод менамояд ва онро дар маркази сиёсати давлат қарор додаанд. Воқеан маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.

Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд.

Дар пешравии соҳаи маориф саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, маҳз барномарезиҳои дақиқ ва дурбинонаи сарвари давлат буданд, ки дар замони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф зина ба зина рушд намуда истодааст.

Дар соҳаи маорифи ноҳия пайваста барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи мактаббачагон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои баландихтисос, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо, корҳои эҷодӣ, дарсҳои иловагӣ ва корҳои тарбиявӣ, ҳамкории мактаб бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва завқи бадеиву зебоишиносии хонандагон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 82 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва 30 адад муассисаҳои давлати ва хусусӣ бо фарогирии умумии 106204 хонанда, аз ҷума 50176 духтар фаъолият менамоянд. Аз инҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ 90282 нафар хонанда, аз ҷумла     44516 духтар. ба таълими инфиродӣ 54 нафар ва таълими инклюзивӣ 27 нафар хонанда дар муассисаҳои № 25, 33, 54, 66, 86, 91 ва 92 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 4684 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3732 нафар зан машғул буда, аз ин шумора 4074 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 402 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 208 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ машғул мебошанд.

Дар шаш моҳи соли ҷори тибқи нақша 500 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 457 нафар омӯзгорони фанни математика ва геометрия, 143 нафар омӯзгорони фанни физика, 140 нафар омӯзгорони фанни химия, 177 нафар омӯзгорони фанни биология, 107 нафар омӯзгорони фанни география, 115 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, ҷамъ 1139 нафар омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумии ноҳия махфилҳои фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи аз қабили “Математикони ҷавон”, “Химикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Техникони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон”, “Биологони ҷавон” ва ғайраҳо фаъолият менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин намудани заминаҳои модди-техникии муассисаҳои таълими иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 апрели соли 2021, №114 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълими бо кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муваққати таълими барои солҳои 2021-2025» зери назорати қатъи қарор дорад.

Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии ноҳия 317 адад кабинетҳои физика, химия, математика, география, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра харидорӣ карда шудааст. Аз он ҷумла кабинети физика 41 адад, химия    38 адад, биология 37 адад, математика 36 адад, география 27 адад, технологияи иттилоотӣ 138 адад харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо дастгири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шахсони соҳибкор муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 165 адад озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳаз гардонидашудаи фанҳои табиатшиносию риёзи таъмин мебошанд, ки аз онҳо озмоишгоҳи фанҳои физика 60 адад, химия 60 адад ва биология 45 ададро ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия Сино 64 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла 41 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, 1 адад муассисаи тобеи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе,    4 адад соҳавӣ ва идоравӣ ва бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 18 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 971 нафар тарбиятгирандагон фаъолият доранд, ки дар онҳо 770 нафар кормандони педагоги ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои амали намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 104 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии барои бунёд, азнавсозӣ ва таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 15 ададашро бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии хусусӣ ташкил медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 52 муассисаи таълимии буҷавии ноҳия шумораи компютерҳо 5574 адад, принтерҳо 556 адад, тахтаи электронӣ 656 адад, праектор 705 адад, синфхонаҳои компютерӣ 136 адад, ва ноутбук 61 ададро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи муассисаҳои таълимии буҷавӣ 37 адади он ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, ба хонандагони синфҳои 5 – 11 дарс меомӯзонанд.

Омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ 164 нафар буда, ба 10 нафар хонанда 1 адад компютер рост меояд.  

Дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ маблағгузории сарикасӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла барои нигоҳдошти 41 муассисаҳои то мактабӣ ва ба 52 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия ба маблағи 110,3 миллион сомони хароҷот карда шуд.

Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.

Дар ҳудуди ноҳия муассисаҳои тандурустӣ 110 ададро новобаста аз шакли тобеият ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 10 муассисаи тиббӣ аз буҷети ноҳиявӣ, 8 муассисаи тандурустӣ аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузо­ри­шаванда, 22 муассисаи тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 4 муассисаи тиббии худмаблағгузор ва 66 адад муассисаҳои хусусӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади нигаҳдошт ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ аз буҷети маҳаллӣ ба 10 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар ин давра ба таври умумӣ 40,9 миллион сомонӣ маблағҳо хароҷот карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати татбиқи стратегияи давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баробарии гендерӣ, иштироки васеи занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, инчунин ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Айни замон, дар ноҳияи Сино шумораи занон 49,1% яъне зиёда аз 238,222 нафар мебошанд, ки аз ин шумора 31700 нафар занони коргар мебошанд ва 157 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла, аз 25 минтақа ва 64 маҳаллаҳои ноҳия дар 25-тои он занону бонувони муваффақ роҳбаранд ва аз 40 нафар вакилони ноҳиявӣ 14 нафарашон занону бонувон мебошанд.

Самти занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 7276 нафар, тандурустӣ   3122 нафар, фарҳанг 1253 нафар, соҳибкорзанон 80 нафар, саноат 500 нафар, коммуналӣ 1000 нафар, бонкҳо 40 нафар фаъолият доранд. Дар дастгоҳи Раиси ноҳия аз шумораи умумии 29 нафар кормандон, 7 нафар занон фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 4 нафар занону духтарон ба захираи кадрҳо ворид карда шуданд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз шумораи умимии хизматчиёни давлатӣ 57 нафар фаъолияткунанда 13 нафаро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 5 нафар кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2023 таҳти №47 «Дар бораи таҷлил намудани 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе » ва дастуру супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, масъулини шуъбаву бахшҳои мақомот бо дидорбини ва бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз ҳаёти сарбозон аёдати сарбозон таҳти унвони «Корвони модарон» дар қисми ҳарбии 051064 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шифохонаҳои ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раисони Шӯроҳои занон ва бонувони муассисиаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино саҳми намоён гузошта бо дастовез ба дидорбинии сарбозон омаданд.

Дар ин радиф ба қисмҳои ҳарбии 051053, 051064-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 0120-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуда сараввал ноҳия, табрикоти самимии роҳбарияти ноҳияро ба кулли афсарону сарбозон расонида дар рафти чорабини роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки артиши миллӣ ва шароитҳои қисмҳои низомии кишвар зери тавваҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта тамоми шароитҳои заруриро барои хизмат амалӣ карда шуданд. Аз ин лиҳоз, хизмат ба Ватан модар ин қарзи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабиниҳои боло зикр дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ ва дастархони идона баҳри болидаи хотирии сарбозон ташкил ва баргузор карда шуд.

Санаи 6 марти соли 2023 бахшида ба «Рӯзи Модар» дар ноҳияи Сино ҷаласаи тантанавӣ таҳти унвони «Зан-сарчашмаи меҳр» дар толори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо иштироки собиқадорон ва фаъолзанон доир гардида ба 330 нафар занону бонувон бо либоси атлас ва гул сарфароз гардонида шуданд. Дар аввал бо ҷалби васеи ҳунармандони ҳудуди ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида ба ҳамаи занону бонувон ва иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулин як қатор чорабиниҳои хусусияти ватанпарастӣ, тарбиявию фарҳангӣ ва варзишю ҳарбӣ дар доираи дурнамо ва барномаҳои соҳа ҷиҳати мусоидат дар таъмини усулҳои самараноки ташаккулу тафаккури маърифати сиёсӣ, ҳуқукӣ ва фарҳангии насли ояндасози кишвар ҳамзамон, рушди фикриву зеҳнии онҳо дар вазъияти ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ баргузор гардиданд.

Дар ноҳия 294 адад иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла 1 адад варзишгоҳи марказӣ, 2 қасри теннис, 1 тенниси тобиистона, 2 маҷмаи варзишӣ, 18 адад толорҳои хусусии варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ, 3 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 1 адад маҷмаи варзишӣ, 12 адад мактабҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳурявӣ фаъолият доранд, ки аз ҷониби масъулини соҳаи варзиш 459 маротиба мусобиқаҳои оммавию варзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо иштироки 66607 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар давоми шашмоҳи соли 2023 варзишгарони ноҳия дар чорабиниҳои варзишии шаҳрию ҷумҳурявӣ ва байналмиллалӣ иштирок варзида ҷойҳои ифтихори ва намоёнро сазовор гардида, 245 медалҳои қаҳрамониро ба даст оварданд. Аз ҷумла; 85 тилло, 97 нуқра, 63 биринҷӣ. Дар сатҳи байналмиллалӣ бошад 6 медал ба даст оварданд. Аз он 2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷи, ки боиси ифтихор ва сарфарозии кули мардуми тоҷик гардид.

Оид ба беҳдошти вазъи корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ бо ноболиғону ҷавонон як қатор чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳия ба анҷом расонида шуд. Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ миёни наврасону ҷавонон, донишҷӯёни коллеҷҳо, омӯзишгоҳу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо шуъба­чаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаҳои 1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вохӯриҳо анҷом дода шуданд.

Вобаста ба дарки пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия пайваста вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида мешавад.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия дар ҳамкорӣ бо комиссияи до­имии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади риояи Қону­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешниҳо­доти шуроҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо дафтари махсуси бақайдгирии ҷашну маросимҳоро тартиб дода, гузаронидани маърака­ҳоро назорат менамоянд.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 дар ноҳия – 1737 адад маърака гузаронида шуда аз ин тӯйи домодию арӯсӣ – 1671 адад, маросими чил – 50 адад ва маросими сол – 16 ададро ташкил дода, ки хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна ба 6,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 4 нақшаи кории Комиссияи доимоамалкунандаи ноҳиявӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ 806 рейди муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа 8 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 10 масҷиди панҷвақтаи дорои иҷозати адои намози ҷумъа ва 28 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд. Шумораи ташкилотҳои динии ғайриисломӣ 11 ададро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар ноҳия 27982 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, талаботи моҳона барои пардохти нафақа 12,5 миллион сомониро ташкил дод, ки пурра сари вақт ба нафақахӯрон таъмин карда шуд.

Дар ин давра ба 136 нафар собиқадорон, аз ҷумла ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (мутаносибан ба як нафар 700 сомонӣ дар як моҳ), ба меҳнаткашони ақибгоҳ, медалистҳо, маъюбони ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобил (мутаносибан 100 сомонӣ ба 1 нафар дар 1 моҳ) ба маблағи 94,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо карда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳо анҷом додани амалҳои хайру савоб, кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар маҷмӯъ дар ин давра ба 4902 нафар ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 4617 қайди кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 331 нафар зиёд мебошад.

Инчунин дар ин давра 576 адад сабти никоҳ ва 394 адад бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 адад ҷудошавӣ кам мебошад.

Таъмиру ободонии кӯчаҳои протоколӣ ва роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳо зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.

Дар тавозуни Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино (бо назардошти воридшавии роҳҳо аз ноҳияи Рудакӣ)   266,16 км роҳҳо қарор дорад.

Дар ҳудуди ноҳия таъмири ҷории роҳҳо дар масоҳати 41500 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуда, дар масоҳати 32983 метри мураббаъ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, ки 79,5 фоизи иҷроиши нақша мебошад.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022, №275 Оид ба нақшаи чорабиниҳо дар бораи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи таҳрезигардида аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли моликият ва соҳибкорон зиёда аз 81872 дарахтони сояафканд, ороишӣ, буттагӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Илова бар ин то ин ҷониб дар ҳудуди ноҳия 2 миллиону 736 ҳазору 139 дона гулҳои мавсимӣ, бисёр сола ва гулҳои лола шинонида шуд.

Аз ҷониби муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия дар ин давра 15278 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуд, ки аз ин дарахтони сояафкан 215 бех, дарахтони ороишӣ 14833 бех ва буттагӣ 230 бехро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ин давра гулҳои мавсимӣ ба миқдори 909500 дона ба нақша гирифта иҷроиш 466436 дона шинонида шуд, ки 52 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Гулҳои бисёрсола дар ҳудуди ноҳия 565041дона ба нақша гирифта шудааст, ки иҷроиш 423131 донаро ташкил дода, ин нишондод 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки аз ин гулҳои лола 195000 дона ба нақша гирифта шуда, 735240 дона шинонида шуд, ки ин нишондод 3,3 баробар зиёд мебошад.

Новаҳои обгузар дар масоҳати 252740 метри тӯлонӣ аз лою ифлосиҳо тоза карда шуда, ҷуйборҳои зери заминӣ ба масоҳати 10917 метри мураббаъ ва партовҳои канори роҳ ба миқдори 3097 тонна, инчунин 744 сар саг ва 16 сар гурбаи бесоҳиб дастгир ва безарар гардонида шуда, ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шуд.

Дар ин росто, канорасангҳои хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, Б.Ғафуров, Раҳимӣ, Соҳилӣ, Н.Махсум, А.Навоӣ, Б.Ҳамдам, Ҷ.Расулов, Абдуллобеков, Н.Ганҷавӣ, А.Ғуломов, Шамсӣ, Маяковский, Тунис, Борбад, Пахтакор, Гипрозем, Варзишӣ, Эстакадаи шаҳраки 82 ва дигар кӯчаҳои ҳудуди ноҳия дар масоҳати 110320 метри мураббаъ рангубор карда шуд.

Ҳамзамон 20 адад истгоҳҳои нақлиётӣ таъмир гардида (66,6 %), 75 адад низ рангубор карда шуданд (75%). Дар ин росто гузаргоҳҳои зеризаминии назди Боғи ҳайвонот, Қарияи Боло ва Терминали мусофиркашонӣ ҳамарӯза тоза карда мешавад.

Панҷараҳои оҳанини ҳамшафати роҳҳо рангубор ва қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ба масоҳати 58452 метри мураббаъ тахту ҳамвор карда шудаанд, ки 103,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. (нақша 56340 метри мураббаъ).

Дар ҳудуди ноҳия КВД «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ»-и ноҳия ба 581 нуқтаҳои партовпартоӣ хизмат мерасонад, ки аз ҷумла 231 адад дар шахтаҳои баландошиёна, 114 адад дар шаҳракҳо, 84 адад дар маҳаллаҳо, 51 адад дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, 101 адад дар корхонаҳои буҷавӣ, тандурустӣ ва хизматрасонии тиҷоратию саноатӣ ташкил медиҳад.

  Дар шаш моҳи соли ҷорӣ корхонаҳо 6235 рейс ва миқдори 56576 тонна партовҳо ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шудаанд.

Барои безарраргардонии нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди ноҳия 6600 кг маҳлули хлор харидори шуда, аз ин 6400 кг барои безараргардонии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ истифода карда шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаи Зарафшонкомуннал 16 бо 6 адад техникаи махсус аз 742 нуқтаи мавҷуд буда ба 161 адад нуқтаи партовпартои ҳудуди ноҳия хизмат мерасонад. Дар шаш моҳи соли 2023 1180 рейс ва 10170 тонна партовҳои сахти маиши бароварда шуда, ба партовгоҳи шаҳри интиқол дода шуд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оиди тақвият додани корҳо ҷиҳати гузариш ба низоми “биллингӣ” дар самти ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии партовкашонӣ аз ҷониби мақомот тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Барои риоя накардани талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист дар давоми шаш моҳи соли 2023 нисбати 339 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 38624 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 37196 сомонӣ ситонида шудааст.

Инчунин барои буриши ғайриқонунии дарахтон ба маблағи 14212 сомонӣ зарари экологӣ ҳисоб намуда пурра ситонида шудааст.

Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли 2023 тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаҳои №1 ва №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 997 иншоот ва муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа нисбати муттасадиён 335 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблағи умумии 105602 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Дар рафти санҷишҳои санитарӣ 2481кг маҳсулотҳои хӯроквории муҳлаташон гузашта ва пастсифат ба маблағи 54609 сомонӣ аз муомилот бароварда шудаанд.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 аз ҷониби қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Сино дар қисмати шимолӣ ва ҷанубӣ 46 ҳодисаи сӯхтор рӯх додааст, ки зарар аз он 385334 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра нисбати роҳбарон ва шахсони масъули ташкилоту корхонаҳои ноҳия 257 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додашуда, ба маблағи 105392 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия оид ба таҳкими волоияти Қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии воси­та­ҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии қонунвайрон­кунӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Дар ҳудуди ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли 2023 -762 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  102 ҷиноят кам мебошад.

Дар ин давра ҷиноятҳои куштор 1 адад, дуздӣ – 253 адад аз ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд, ғоратгарӣ – 9 адад нисбати соли гузашта 5 адад кам буда, қаллобӣ – 97 (96 адад кам) адад, авбошӣ – 56 (9 адад кам) ва содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо – 12 (14 адад кам) адад ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 2839 адад ҳуҷҷат ворид шуд, ки аз ин шумора ба 2417 адад ҳуҷҷат ҷавоби расмӣ гардонида шуда, 422 адади боқимонда мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактубҳо тавассути мақомотҳои болоӣ ва вазорату идораҳо 1724 адад ва муроҷиати шаҳрвандон 1115 адад ворид шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ба 1074 адад муроҷиат ҷавоби расмӣ дода шуда, 41 адад муроҷиат мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои кӯмаки молиявӣ (160 адад), гирифтани замин (25 адад), муроҷиати дастаҷамъона дар самтҳои гуногун (120 адад) ва дигар муроҷиатҳо (495 адад) вобаста мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси ноҳия дар ин давра 121 нафар шаҳрванд қабул гардида, вобаста ба ҳалли муроҷиати онҳо аз ҷониби масъулини мақомот чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ маҷлисҳои машваратию назоратии назди Раиси ноҳия 30 маротиба баргузор гардида, ҳамаи онҳо аз тарафи масъулини дастгоҳи Раиси ноҳия протокол карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 139 амр ва 81 адад қарорҳои Раиси ноҳия ба тасвиб расида, 3 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи татбиқи барномаҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти Қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тараққиёти муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани кори донишомӯзию тарбия дар муассисаҳои таълимӣ равона намуда, баҳри фаъолияти боэътимоди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, савдову хизматрасонӣ ва коммуналӣ чораҳои саривақтиву зарӯриро амалӣ менамояд.