МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Published by bro on

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП – 1677 ва нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023, санаи 10 августи соли 2023 нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохторҳои ноҳиявӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар раванди баргузории нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 ба намояндагони васоити ахбори омма ҳисобот манзур намуда, ҷиҳати бозҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявии ҳудуди ноҳия супоришҳои дахлдор дода шуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони Васоити ахбори омма ба Раиси ноҳия саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ҳамаи саволҳои пешниҳодгардидаи рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.