МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ғолибияти ноҳияи Сино дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ”

Published by bro on

Бо мақсади амалисозии банди 32-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ гардидааст, имрӯз (13 августи соли 2023) дар тарабхонаи “Яккасарой” даври ҷумҳуриявии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур намояндагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорату малакаи худро дар ороиши дастархон ва меҳмоннавозӣ муаррифи намуданд. Дар натиҷа ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифта, сазовори ҷойи якум гардиданд.