МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

Published by bro on

Имрӯз дар толори муассисаи таълимии №90 ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолиб баромаданд, баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар озмуни мазкур дар маҷмӯъ 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки дар натиҷа тибқи талаботи Низомнома 24 нафар ғолиб баромада, ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.

Аз ҷумла, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), 6 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), 6 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, 6 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.