МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҒОЛИБИЯТИ НОҲИЯИ СИНО ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ “АНДАЛЕБ – 2023” ДАР САТҲИ ҶУМҲУР

Published by bro on

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар таъмини иҷрои банди 13-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон вобаста ба таъмини иҷрои банди 2 сархати 1 нусха аз протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2023, №16 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Боиси қайд аст, ки санаи 12 августи соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2023” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур намояндагони даҳ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, тибқи Низомнома бо барномаҳои омодагардидаи худ баромад намуданд.

Дар натиҷа ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни иштирокчиён холҳои баландро сазовор гардида, дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб” дар сатҳи ҷумҳур ҷойи якумро ишғол намуд.