МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Дар толори Мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе имрӯз (22 августи соли 2023) машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия кории бо иштироки муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Сафарализода Ситора Сафаралӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин Ҳасан, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Амирулозода Беҳруз Амирулло, намояндагон аз Прокуратура, Суд, ШВКД-1, ШВКД-2, шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, МНДСЭ-и ноҳия, КИҲХДТ дар ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ноҳия баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён дар саҳни муассисаи таълимӣ бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сазовор ҷашн гирифтани  32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия корҳои эҷодӣ бо намоиши дастовардҳо гузаронида шуданд.

Дар машварат мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амирулозода Б.А. ҳамаи меҳмонон, собиқадорони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумиии ноҳияро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, изҳор дошт, ки кормандони маорифи ноҳия кӯшиш намудаанд, то ин ки соли таҳсили навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз соли равон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон пурра омода мебошанд.

Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино ба истиқболи Рӯзи дониш баргузор гардида, дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия ба меҳмонон, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, ҳамкории судманд бо шуъбаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.