МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУҚАДДАСТАРИН ВА ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ”

Published by bro on

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз (6 сентябри соли 2023) бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси тантанавии мазкур роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз, собиқадорони меҳнат Қурбонова Руқия Атоевна ва аъзои Ҳаракати эҳёи ваҳдати миллӣ Ҳусейнов Бойалӣ иштирок доштанд.

Ҳамзамон дар толор муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, маориф, тандурустӣ ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Дар фарҷоми мақлиси тантанавӣ аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исматов Исуф Қузратович бо мукофоти давлатӣ ва муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Беҳрӯз Давлатмурод бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин раванд чанд нафар кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ноҳия, сохторҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия, дар маҷмӯъ 22 нафар барои иштироки фаъолона ва самарабахш дар татбиқи сиёсати давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ, корҳои ободонию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ватандустӣ ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.