МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНО МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Сокинони азиз!

Бо камоли самимият ва эҳтиром ҳамаи шуморо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, табрик менамоям.

Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад

Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Барои муҳайё сохтани ҷанбаҳои ҳуқуқӣ забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон гардид ва барои татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Вазифаи мо, махсусан олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони истиқлолият забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як миллат мебошад.

Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад.

Дар таҳким ва рушди забони шеваи тоҷикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бузург кардаанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру тамаддунофарид дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми худро, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ва ба наслҳои оянда, мерос гузорем.

Мо забони тоҷикиро аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Бо ин таманниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо хонаободӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони ширину шевои модариамон комёбиҳо орзу менамоям.