МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАБОН МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ АСТ”

Published by bro on

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Забон муҳимтарин омили худшиносии миллат аст” ташкил ва баргузор карда шуд.

Маҷлиси тантанавӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлиси тантанавӣ ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо ва ҳофизи халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Акрам иштирок доштанд.

Дар толор мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фаъолон ва имомхатибони ноҳия ҳузур доштанд.

Сараввал муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода С.С. паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёзро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ироа намуд.

Баъдан иштирокчиён дар баромади хеш қайд намуданд, ки забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ ба ҳисоб меравад. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Вазифаи мо, махсусан олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Таъкид карда шуд, ки дар таҳким ва рушди забони тоҷикӣ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рамзист ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру тамаддунофарид дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Мо забони тоҷикиро аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Бо ин таманниятҳои нек иштирокчиёни маҷлис ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба ҳозирин хонаободӣ ва комёбиҳои беназирро дар роҳи ҳифзу рушди забони миллӣ таманно намуданд.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!