МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Published by bro on

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, имомхатибон, сардорони минтақа ва раисони Шӯрои маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Сараввал барои оғози кори иҷлосия аз тарафи вакилон ҳайати котибот ва Комиссияи таҳририя пешниҳод ва интихоб карда шуд.

Баъдан тибқи рӯзномаи иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи саноат Исматов И.Қ. оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 312 корхона мавҷуд буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз руи 73 номгуй ба 1,3 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 300 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 25,9 фоизро ташкил менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмуъ 125,9 фоизро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташкил дод. Дар ҳамин давра шумораи корхонаҳо 99 адад зиёд шуда, 58 корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шудааст.

Таъкид карда шуд, ки аввалин маротиба аз ноҳия ба хориҷи кишвар ба маблағи 5,6 миллион доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 маротиба зиёд мебошад.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа ва сохторҳио дахлдори ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини ҳадафи чорум – саноатикунонии кишвар бо корхонаҳое, ки истеҳсолотро кам карданд ва нисбати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ҷидди корбарӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Доир ба масъалаи дуюми иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иқтисод ва савдо Шарифзода Б.Б. оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 баромад намуд.

Дар ин самт низ ба ҳамаи масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки то охири мавсим омодагӣ ва фаъолияти соҳаҳоро, аз ҷумла соҳаи савдо, маориф, тандурустӣ, Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия ва корхонаҳои партовкашонро зери назорат қарор дода, корбарӣ намоянд. Масъулини соҳаҳо муваззаф карда шуданд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муайяншуда захираи ангишт, ҳезум, сӯзишворӣ, маводҳои зидди лағжиш (намак ва қум) ва захираи маводҳои озуқавориро таъмин намоянд.

Ба сардорони минтақаҳо ва намояндаи КВД “Обу корези Душанбе” дар ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки дар якҷоягӣ ҳамкори намуда қубурҳои берунбударо аз яхбандӣ рӯпуш намоянд. Ҳамзамон сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия муваззаф гардид, ки нисбати роҳҳои кандашуда дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохили минтақаю маҳаллаҳо бо сохторҳои дахлдор корбарӣ намоянд.

Дар ҷамъбасти иҷлосия масъалаи қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №35, дар ин замина муайян намудани рӯзи интихоботи вакил дар ҳавзаи болозикр ва қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд.