МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ, ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ ВА СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 82 ҶИҲАТИ ПУРЗУР НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТҲОИ НОМАТЛУБ

Published by bro on

Тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таълимии №54 ноҳия миёни кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фаъолони ноҳия ва сокинони шаҳраки 82-юм вобаста ба пурзур намудани масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои номатлуб мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот намояндаи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе Аҳлиддинзода Муҳриддин қайд намуд, ки коррупсия решаҳои хеле қадима дошта, мутаассифона мисли экстремизм ва терроризм ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Тоқикистон яке аз аввалинҳо шуда ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар самти мубориза бо коррупсия оид ба такмили қонунгузорӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуд. Новобаста аз ин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар самти гуногуни ниҳодҳо ба назар мерасанд.

Вобаста ба татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Агентӣ Хонзода Фаррух дар баромади худ чунин иброз намуд, ки натиҷаҳои татбиқи Стратегия дар ҳафт соли охир нишон дод, ки вазорату идораҳои масъул корҳоро дар самти еоҳиш додани паҳншавии ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва истеъмоли ғайритиббии онҳо, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ пурзӯр намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафҳои асосии Стратегия ин таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.

Дар ин робита, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад”.

Дар тақвияти суханҳои намояндагони Агентӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои пешгирӣ намудани ин зуҳуротҳои номатлуб ҳозиринро даъват ба амал овард, ки дар мубориза бар зидди коррупсия, маводи мухаддир, экстремиз ва терроризм худро дар канор нагирифта, ҳушёриву зиракии сиёсиро истифода намуда, фаъолиятро хешро дар ин самт пурзур намоянд.