МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАШНИ ИДИ МЕҲРГОН – ҲУКМИ МИЛЛӢ ДОРАД

Published by bro on

Имрӯз дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ иди Меҳргон ҳамчун нишонӣ дӯстӣ бо шукуҳу шаҳомати хоси миллӣ ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, барои сокинон ва меҳмонон хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки иди Меҳргон дар даврони истиқлолият бо ташаббус ва таваҷҷӯҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги суннатӣ ва ҷашну маросимҳои бостонӣ эҳё ва ба ҳукми анъана даромад. Ҳамасола мардуми тоҷик дар сартосари кишвар дар моҳи Октябр иди Меҳргонро дар шаҳру ноҳия, ҷамоату деҳот ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ бо фарогирии вижагиҳои худ, бо барномаҳои рангини суруду мусиқӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ, маснуоти дастии фарҳангию ҳунарӣ ҷашн мегиранд.

Иди Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!