МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ШАҲРӢ ОИД БА ОМОДАГИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАБАРИИ РОҲҲОИ НОҲИЯИ СИНО БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2023-2024

Published by bro on

Бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2023, №246 “Дар бораи саривакт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солхои 2023-2024” санаи 12 октябри соли равон Гурӯҳи кории шаҳрӣ аз рафти омодагии МД “Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино” дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки тайёрӣ ва омодагиҳо ба мавсими тирамоху замистони солхои 2023-2024 дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия бо таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, то инҷониб захираи равғанҳои молиданӣ, равғани дизелӣ, веретёнка, маводи техпластӣ, сузишворӣ (бензин ва дизелӣ) ва маводи зидди сармо, инчунин таъмири ҳуҷраҳои истирохатӣ, таъмин намудани коргарон бо либоси корӣ ва пойафзол (мардона ва занона), намаки техникӣ, омодагии мошину механизмҳо ва захира намудани автошинаҳои ҳархела пурра таъмин карда шуданд.