МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СИНАМОҶАШНВОРАИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ “ТОҶИ СОМОН”

Published by bro on

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” шоми 18 октябр дар “Боғи Ирам” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми кино” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз имкониятҳои рушди сайёҳии пойтахт, ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои ниёгон ва дигар урфу одатҳои мардуми тоҷик шинос шуданд. Ҳамзамон меҳмонон аз омода намудани таъомҳои миллӣ ва маҳсулотҳои нонӣ, ки бо санъати баланди анъанавӣ омода гардида буд, дидан намуданд.

Мақсади баргузории чорабинии мазкур – ин муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар шаҳри Душанбе, ҳунарҳои мардумӣ, расму оин ва анъана, инчунин тарғибу ташвиқӣ фарҳангу таърихи куҳанбунёди мардуми тоҷик мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ баҳри болидагии меҳмонон ва иштирокчиён бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони шинохта барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.