МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри соли 2023, №488 имрӯз (27 октябр) дар толори муассисаи таълимии №94 ноҳияи Сино озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат”, даври якум баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, баҳри қадрдонии давлатдорӣ ва хидматҳои бузургони сиёсат ва илму адаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ҳарф мезаданду мардумро ба омӯзиши таърих ва фарҳанги тамаддуни миллат пайваста даъват мекарданд.

Ташкил ва баргузории чорабиниҳои зиёди сиёсиву фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургони илму адаб дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва худшиносиву худогоҳии бештари мардум аз асли худ заминаи мусоид ва мувофиқ гузоштанд.

Боиси қаноатмандист, ки ин самти фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз густурдатар идома дорад ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ далели бебаҳси онанд, ки шавқу ҳаваси бемисли ҳазорон сокинони кишварро ба китобхонӣ ва омӯзиши амиқи адабиёт бештар намуд.

Бо мақсади тақвият додани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин самт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ корҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, озмунҳои шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” ва “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” мебошад.

Мақсади баргузории озмун – арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.

Боиси қайд аст, ки дар озмуни мазкур низ таваҷҷӯҳи иштирокчиён зиёд гардида, айни замон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок намуданд.

Бовари дорем, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобҳои Президенти кишвар рӯ меоранд ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикро дар рушди тамаддуни инсоният, ки ҳадафҳои озмунанд, қадамҳои наву устувор гузошта мешавад, зеро ки асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамояд.